Равзанаи адаб

Нигоҳи тоза ба падидаи нодири адабӣ
Рўдакишиносӣ аз замони пайдоиш, ки ба аҳди Одамушшуаро рост меояд, то имрўз хеле рушд пайдо кардааст.Дар бооаи адабиёти асрҳои 1Х – Х тоҷику форс ва бунёдгазори он устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ осори фаровоне ба забониҳои гуногуни олаим офприда шудаанд. Дарҳамаи саочашмаҳои маъруфи адабӣ, тазкараву баёзҳо, фарҳангу свфинаҳо зикре аз Рўдакӣ ва абёти ў ба назар мерасадад.Ўро ўстоди шоиронм ҷаҳон,Одамушшуаро, маликушшуаро ва амсоли инҳо номида, пурмаҳсултарин шоир ба қалам доданд. Вале бо ин ҳама ҳанўз осори ў гирдоварӣ нвшуда, масоили зиёди рўзору оораш норавшан мондааст ва рози бузургии ў ошкор нагардида ҷойгоҳи ас дар адабиёти олаи муайян ашудааст. Аз ин рў ҳар за асари тозае, км дар бораи Устод Рўдакӣ ба вуҷуд меояд, ба хусус асаре, ки дороаи далелҳои нав ва диди тоза бошад, қобили таваҷҷўҳ мебошад.
Китоби профессори Донишгоҳи Милли Тоҷикистон, адабиётшиноси варзида Субҳон Амирзода «Падидаи нодир», аз ҳамин зумраи осор вст.Дар китоб як рисола ва шаш мақолаи муаллиф, ки солҳои гуногун таълиф шудаанд, ҷой гирифтаанд.
Китоби нава устодро бо шавқу рағбати зиёд мутолиа намудам.
Зеро аввалан устод кам менависанд, вале хелехуб менависанд.
Сониян вақтҳот охир бо истифода аз озодии баён ва ривоҷи исломгароӣ баъзе муҳаққиқон, ки дирўз сухани худро бо иқтибос аз Марксу Ленин намуда, аз осори адибон фақат андешаҳои балан ди сиёсиву иҷтимоӣ меҷустанд, имрўз ба қутби дигар гузашта, аз адабиёти ғании гузашта ва аз ҷумоа аз осори Устол Рўдакӣ воаву таъбирҳои диниву ирфонӣ хир меҷўянд.Ман, ки солҳои охиграир бо «Донишномаи Рўдакӣ» сарукор дорам,аз ин вазъ шуда мехостам ҷавобе ба онҳо гўям. Хушбахтоа, ин ҷавобро ман дар китоби С.Амирзода пайдо намудам.
Муаллмфи китоб ба ҳаёти адабии асрҳои 1Х – Х тоҷиек форс аз дидгоҳи тоза нигариста, ба он ҷанбаҳое бештар таваҷҷўҳ зоҳир кардааст, ки қаблан ноаён буданд. Яке из чунин ҷанбаҳои фарҳанги онр даврон, ки дар адабиёт низ зуҳур кардааст, масъалаи таъсири унсурҳои дини масеҳист, ки аз назари муҳаққиқон дурр монда буд. С. Амирзода пеш аз ҳмама ба осори таърихшиносони маъруф Р.Фрейман ва Н. Неъматов ва дастоврдҳои бостоншиносон такя намуда, ба зуҳури унсурҳои дини масеҳӣ дар фарҳанги аҳди Сомониён ишора мекунад. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳмд, ки давлати Сомониён нисбат ба дину мазҳабҳои гуногунозодӣ дода, ба таасуби диниву мазҳабӣ, ки да асрҳои баъд ривоҷ ёфт,роҳ наседоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор