Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳеҷ сайқал накў натонад кард
Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.
Саг ба дарёи ҳафтгона бишўй,
Ки чу тар шуд, палидтар бошад.
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд ҳанўз хар бошад.
Ин мисолҳо бори дигар ин андешаро тақвият медиҳанд, ки хулқи бади аз асли бад реша гирифта тарбиятнопазир аст. Вале асли нек вобаста ба тарбият буда, он бо таъсири муҳит ва тарбият тағйир меёбад.
Ҳамин нуктаи назари ахлоқии дар адабиёту ҳикмати мардумони эронитабор то қарни ХХ маъмул дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ҳам хеле равшану барҷаста бозтоб ёфтааст. Вале муҳаққиқи андешаҳои ахлоқии шоир С. Ҳасанова онро нодида гирифтааст ва ба ихтилофи назари Фирдавсӣ дар ин масъала ишора карда, мисоле наовардааст: «Вале дар айни замон ақидаҳои ў (Фиравдсӣ – М.М.) дар хусуси манбаъҳои ахлоқ аз ихтилоф озод нест. Фирдавсӣ ҳам хосиятҳои модарзодиро эътироф мекунад, вале ў бовар дорад, ки хосияти модарзодӣ бо таъсири муҳити беруна, тарбият метавонад тағйир ёбад». Донишманди покистонӣ Ҳофиз Маҳмудхони Шеронӣ назари Фирдавсиро роҷеъ ба решаи хулқи бад дуруст дарк намуда, навиштааст: «Дар асари шарофати нисбӣ ақидаи миллии эрониён бар ин будааст, ки разилу камина ва пастфитрат ҳамеша пасту разил аст ва ҳеҷ таълиму тарбият наметавонад ўро ба ахлоқи ҳасанаи инсоният ороста кунад». Дарвоқеъ Фирдавсӣ ҷонибдори ҳамин ақидаи маъмул буда, ҳамеша тарбиятнопазир будани ашхоси бадсириштро бо ҳар васила таъйид намудааст. Ў ҳам иддао дорад, ки аз мағзи талх ҳеҷ гоҳ дарахти мевааш ширин намерўяд, ҳарчанд онро дар боғи биҳишт парвариш диҳанд:
Дарахте, ки талх аст вайро сиришт, Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт.
В-ар аз ҷўйи хулдаш ба ҳангоми об Ба бех ангубин резиву шаҳди ноб.
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.
Дар осори бозмондаи шоирони асри Х форсу тоҷик на танҳо айни ҳамин андешаро метавон мушоҳида кард, балки дар байтҳои зерини Абўшакури Балхӣ барои тақвияти фикр мисоле оварда шудааст, ки бо далели Фирдавсӣ хеле монанд аст:
Дарахте, ки талхаш бувад гавҳаро, Агар чарбу ширин диҳӣ мар варо.
Ҳамон меваи талх орад падид,
Аз ў чарбу ширин нахоҳӣ мазид.
Албатта, ҳоло аз Абўшакури Балхӣ гирифта шудани тасвири мазкурро таъйин кардан хеле душвор аст. Зеро дар Шоҳнома ишорае

пешина
аз 625
навбатӣ