Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дар ин бора дида намешавад. Вале чуноне ки муҳаққиқон ишора кардаанд, ҳам Абўшакури Балхӣ ва ҳам Фирдавсӣ ба эҳтимоми қавӣ дар тасвири худ аз ояи зерини сураи Иброҳими Қуръони маҷид илҳом гирифтаанд: «Ва масали сухани нопок чун дарахте нопок аст, ки реша дар замин надорад ва барпо натавонад буд». Дар Шоҳномаи Фирдавсӣ низ барои ифодаи матлаби мазкур василаҳои гуногун истифода шудаанд. Агар дар мисоли боло тамсил аз олами наботот бошад, дар мисоли зер аз олами ҳайвонот масал зада шудааст:
Ки чун баччаи шери нар парварӣ, Чу дандон кунад тез, кайфар барӣ.
Дар байти зер бошад тамсил ба олами инсонӣ мансуб буда, назари шоир хеле возеҳ ва ошкоро баён шудааст:
Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед.
Аксари муҳаққиқон ҳангоме ки дар бораи андешаҳои Фирдавсӣ роҷеъ ба тарбият сухан меронанд, назари ўро ба афкори ахлоқии Саъдӣ мавриди муқоиса қарор медиҳанд. Аз ҷумла донишманди покистонӣ Мумтоз Ғафур дар ин хусус навиштааст: «Фирдавсӣ дар бораи тарбият мисли Саъдӣ тарбият53 намудааст, мегўяд, ки бо тарбият наметавон зиштиро ба покӣ ва талхиро ба ширинӣ табдил кард. Агар аслу гавҳар нест, тарбият фоидае надорад». Таҳқиқи татбиқиву қиёсии андешаҳои ахлоқии ин ду шоири бузург аз доираи вазифаи ин рисола берун аст. Бинобар ин танҳо бо зикри чанд мисол дар ин замина иктифо мешавад.
Саъдӣ ҳам мисли сойири адибони форсу тоҷик ҷонибдори андешаи ирсӣ ё худ таврисӣ будани ахлоқ аст, ки инро муҳақиқон низ таъйид кардаанд. Аз ҷумла Н. Арабзода омилҳои муҳиммеро, ки дар радифи муҳиту ирсият барои ташаккули ахлоқи шахсият таъсир мегузоранд, бо мисолҳои фарвон нишон додааст.

Саъдӣ дарвоқеъ барои ташаккули ахлоқии инсон нақши муҳитро хеле бузург медонад, ки дар қитъаи маъруфи зер равшан тасвир шудааст:

Гили хушбўй дар ҳаммом рўзе

Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.

Бад-он гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,

Ки аз бўйи диловези ту мастам.

53 Ин ҷо тарбият маънии равшан намедиҳад, шояд «ироа» бошад.
54 Мумтоз Ғафур. Фирдавсии ҳаким. Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам…, С. 527.

пешина
аз 625
навбатӣ