Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Феҳристномаи китобшиносиҳои Эрон» ва амсоли онҳо гувоҳи он аст.
Китоби сеҷилдаи шарқшиноси англис Чарлз Сторӣ «Адабиёти форсӣ» ки ба забонҳои русӣ ва форсӣ ҳам тарҷума ва чоп шудааст, намунаи барҷастаи чунин асарҳо дар ховаршиносии муосир ба шумор меравад. Ч. Сторӣ кори ховаршиноси маъруф К. Брокелманро, ки «Таъихи адабиёти араб»-ро офарида буд, дар эроншиносӣ идома дод ва маълумотномаи муфассалу ҷомеъро таълиф намуд, ки самараи меҳнати чилсолаи ў буда, асарҳои роҷеъ ба Қуръону масъалаҳои исломшиносӣ ва таърихи дар тўли беш аз ҳазор сол навишта шударо дар бар мегирад (8).
Асари Ч.Сторӣ дар шарқшиносӣ баҳои баланд гирифт ва Кунгураи аввалини байналмилалии эроншиносӣ дар шаҳри Теҳрон (соли 1966) ва семинарии байналмилалии нусхаҳои хаттӣ дар шаҳри Кобул (соли 1967) қарор карданд, ки ин кор идома дода шавад. Дарвоқеъ, офаридани чунин маълумотномаҳои ҷомеи китобшиносӣ ҳам барои шинохти нусхаҳои хаттӣ ва ҳам барои таҳқиқи амиқи масъалаҳои таърихи адабиёту фарҳанги форсу тоҷик мусоидат менамоянд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло пешниҳодҳои зерин ироа мешавад:
1.Пеш аз ҳама нусхаҳои хаттии дар китобхонаву музейҳои дар кишварҳои гунггуни ҷаҳон маҳфуз бударо тавсиф намуда, феҳристи ҷомеи дастнависҳо тартиб дода шавад.
2.Дастнависҳои дар дасти ашхоси ҷудогона буда, то ҳадди имкон барои китобхонаҳо харидорӣ шуда, дар ҳолати хуб мавриди нигаҳдорӣ қарор гиранд.
3.Дар нусхашиносӣ ҳам аз имкониятҳои фановарии навин, аз ҷумла компютер самаранок истифода шавад.
4.Ҳамаи дастнависҳои мавҷуда ба компютер ворид карда шаванд.
5. То ҳадди имкон аз истифодаи мустақими нусхаҳои нодир худдорӣ намуда, акс ё нусхаи электронии онҳо ба истифода дода шаванд.
6. Аз созмони байналмилалии ЮНЕСКО хоҳиш карда шавад, ки як Маркази байналмилалӣ оид ба шинохти нусхаҳои хаттии шарқӣ таъсис дода шавад, то ки масъалаҳои нигоҳдорӣ ва тавсифи нусхаҳои хаттӣ, тартиб додану нашри феҳристу феҳриствораҳо ва китобшиносиҳои дастнависҳо ва масоили дигари марбут ба нусхаҳои хаттиро фаро гирад.

пешина
аз 625
навбатӣ