Равзанаи адаб

Илова бар ин феҳристҳои нусахи хаттии китобхонаҳои ҷудогона, ки таълифи онҳо аз асри XIX то имрўз идома дорад ва феҳристи дастнависҳои як кишвар, ки Аҳмади Мунзавӣ намунаи онро ба вуҷуд овардааст, вақтҳои охир феҳристҳои минтақавӣ мураттаб карда мешаванд, ки намунаи барҷастаи онро ҳам Аҳмади Мунзавӣ офаридааст. Ў бо истифода аз 85 феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаҳои Эрон, Покистон, Туркия ва баъзе кишварҳои Аврупо феҳристи минтақавии нусхаҳои хаттии форсиро мураттаб ва чоп намудааст (6). Ниҳоят Аҳмади Мунзавӣ ба таҳия ва нашри феҳриствораи ҷомеи нусхаҳои хаттии форси ҷаҳон шурўъ намудааст, ки 8 ҷилди он ба табъ расидааст.
Вале танҳо бо феҳристнигорӣ ҳал кардани масъалаи шинохти нусхаҳои хаттии форсиву арабӣ, ки дар кишварҳои гуногуни олам дар шароити мухталиф ва парешону бенизоми муайян нигоҳдорӣ мешаванд, душвор аст. Тавре ки китобшиносони маъруф Ю.С. Баршевский ва Ю.Э. Брегел дуруст таъкид кардаанд, «дар ҳолати камшумор будани мутахассисине, ки тавсифу таҳқиқи дастнависҳо машғуланд, ин кор чунон суст пеш меравад, ки ҳоло пешгуӣ кардан душвор аст, ки кай ақалан рўйхати аксари дастнависҳо маълум мегардад?» (8,8). Бинобар ин, мавқеи китобҳои роҳнамову маълумотҳои китобшиносии нусхаҳои хаттӣ дар ин маврид хеле калон аст.
Яке аз чунин маълумотномаҳои муҳим китобшиносии феҳристҳои нусхаҳои хаттӣ мебошад. Ҳарчанд дар ин замина дар марказҳои гуногуни шарқшиносӣ баъзе корҳо сурат гирифтаанд, вале то ҳол асари қобили таваҷҷўҳе дар китобшиносии феҳристҳои дастнависҳои форсӣ ба нашр нарасидааст. «Китобшиносии дастнависҳои арабӣ», ки кормандони шўъбаи петербургии институти шарқшиносии АИ Русия таҳия ва чоп намудаанд, ҳарчанд ҳанўз комил нест, вале иқдоми шоистаи пайравии эроншиносон аст(4). Чунин китобшиносӣ роҳнамои хубе на танҳо барои нусхашиносон, балки барои ҳамаи муҳаққиқони таърихи адабиёти форсу тоҷик ва умуман Шарқ хоҳад шуд.
Маҷмўаҳои биобиблиографии мавзўӣ низ дар ин замина хеле судманд мебошанд. Муҳаққиқон китобҳои маъруфи «Алфеҳрист»-и Ибни Надим (асри Х) ва «Кашфуззунун»- и Ҳоҷ Халифаро аз намунаҳои барҷастаи чунин асарҳо донистаанд. Ин суннат дар асри ХХ, махсусан, дар Эрон ривоҷ пайдо кард, ки асари бисёрҷилдаи Ҳоҷӣ оқо Бузурги Теҳронӣ «Аззариа ила тасониф ашшиа» ва Эраҷи Афшор «Эроншиносӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор