Равзанаи адаб

Аз эҳтимол дур нест, ки ў дар ин соҳа бештар кор карда бошад.
Ҳамчунин дар рисола ба масъалаи таб ё худ ҳарорати бемор таваҷҷўхи зиёд зоҳир шуда, 16 навъи он бо ному нишонаҳояш шарҳ ёфтааст.
Дар фасли хотимавии рисола, ки «Панду насиҳати Майсарии ҳаким» унвон дорад, муаллиф гуфтаҳои худро ҷамъбаст намуда, ба мўҳтавою арзиши рисолааш ишораҳо мекунад ва афсўс мехўрад, ки фақат маргро чорае нест:
Ман ин нома ба номи дил бигуфтам, Басе илм андар ин нома нуҳуфтам.
Нишони дардҳои гуна-гуна
Бигуфтам ман туро чуну чӣ гуна.
Илоҷи дардмандон низ гуфтам,
Ба ҳар дарде илоҷе чанд ҷустам.
Ва номи доруву ҳам табъи дору Дар ин нома бигуфтастам ҳар ду…
Намонд андар ҷаҳон аз доруву дард, Зи тару хушк низ аз гарму аз сард.
Ки на дар номаам дар ёд кардам, Басе дилҳои ғамгин шод кардам.
Валекин маргро чора надонам,
Ба ҷои марг бечора бимонам…
Ҳамон тавре ки ховаршиноси фаронсавӣ Жилбер Лазар ёдовар мешавад, «Донишнома»-и Майсарӣ «ягона манзумаи калонест, ки аз лиҳози замон қабл аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ то ба мо расидааст». Ў ҳамчунин таъкид менамояд, ки манзума
4 «сарчашмаи муҳимми омўзиши забони асри Х мебошад».
Донишманди эронӣ Бароти Занҷонӣ дар поёни пешгуфтори худ чанд хусусияти забони рисоларо бо зикри мисолҳо нишон додааст, вале ў ба масъалаи истилоҳоти тиббии рисола ишорае ҳам накардааст. Аз ин рў, мо кўшидем, ки дар хусуси вожаҳои тиббии рисола ва муносибати он ба забони имрўзаи форсии тоҷикӣ мулоҳизот баён намоем.
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки Майсарӣ низ монанди ҳамзамони бузургу ватандўсти худ Фирдавсӣ аз муборизони покизагии забони форсии дарӣ буда, саъй намудааст, ки то ҳадди имкон аз калимаву ибораҳои арабӣ камтар истифода кунад. Масалан, дар панҷоҳ байти аввали маснавӣ ба ҷуз сарлавҳаҳо, ки ба назари мо на аз тарафи муаллиф, балки аз ҷониби котибон гузошта шудаанд, ягон калимаи арабӣ ба кор нарафтааст. Майсарӣ кўшиш ба харҷ додааст, ки асарашро ба забони порсии дарии нағз, ки он замон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор