Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дар қисмати шарқии Эронзамин – дар Хуросону Мовароуннаҳр ривоҷ дошт, иншо намояд:
Ва пас гуфтам, замини мост Эрон, Ки беш аз мардумонаш порсидон.
Дарӣ гўям-ш, то ҳар кас бидонад Ва ҳар кас бар забонаш бар биронад.
Калимаҳои арабиро кам истифода бурдани Майсарӣ дар рисола маънии онро надорад, ки ў забони арабиро хуб намедонистааст, баръакс, чунон ки ў борҳо таъкид мекунад, забони тозиро хеле хуб медонист ва ҳатто мехост, ки рисолаашро ба арабӣ нависад, вале эҳсоси ватандўстиву ифтихори миллиаш водор сохт, ки ба забони модарӣ иншо намояд. Бо вуҷуди ин дар рисола, ба хусус дар қисмати асосии он, вожаҳои арабиасл хеле фаровон ба кор рафтааст. Аз ҷумла, муаллиф номи аксари бемориҳоро аз қабили ихтилоҷ, ихтиноқ, истисқо, истифроғ, исҳол, қуланҷ, раъша, барас, саратон, сакта, судоъ, саръ, тоун, лақва, назла, ниқрис, ярақон ба арабӣ зикр кардааст, зеро ин истилоҳот дар тибби он давра маъмул буда, тарҷумаи онҳо боиси аз фаҳми мардум дур гардидани забони рисола мешуд. Дар баробари ин Майсарӣ номи як гурўҳ бемориҳоро чун омос, бод, песӣ, обила, таб, хориш, дарди гўш, дарди гардан, дарди сар, сипурз, дарди дандон, дарди чашм, захми чашм, дарди пистон, дарди ҷигар, ларза ва ғайра ба форсӣ зикр намудааст.
Чунон ки мебинем, Майсарӣ дар истифодаи истилоҳот ба ифрот роҳ надода, саъй кардааст калимаҳову истилоҳотеро ба кор барад, ки ба завқу дарки хонанда мувофиқ бошад. Дар баъзе мавридҳо бо ин мақсад ў ҳатто муродифҳои гуногуни як истилоҳро ба забонҳои гуногун ба кор бурдааст; монанди реш, захм, ҷароҳат; судоъ, дарди сар, сардард; барас, песӣ; раъша, ларза; омос ва ҳоказо. Чунон ки маълум аст, ба истилоҳ муродифсозӣ хос нест ва инро, албатта, Майсарӣ ҳам хуб медонист, вале ба назари мо сабаби ба ин ҳолат роҳ додани ў шояд ин бошад, ки хостааст аз ин муродифҳо дар оянда беҳтаринаш мавриди қабул қарор гирад.
Аммо дар мавриди истифодаи калимаву истилоҳоти забони форсӣ муаллифи рисола қатъият зоҳир намудааст, ки ибратомўз мебошад. Майсарӣ дар рисола истилоҳи беморро қабул карда, муродифҳои дигари он мариз, ки имрўз дар Эрону Афғонистон маъмул аст ва касал, ки дар Тоҷикистон истифода мешавад, ба кор набурдааст. Дар ҳақиқат истилоҳи бемор аз ҳар ҷиҳат шоистаи истифода буда, дар таркиби истилоҳи бемористон ба забони арабӣ
5 ҳам гузаштааст. Вожаи касал бошад аслан маънии сустиву нотобиро дошта, мафҳуми беморро пура ифода наменамояд.

пешина
аз 625
навбатӣ