Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Симпозиум ва ҷашни мазкур марҳилаи тозаеро дар Рўдакишиносӣ боз намуда, барои шиносоии бештару беҳтари мардум бо андешаҳои волои шоири башардўст мусоидат намуданд.
Тавре ки маълум аст, дар замони Шўравӣ ба дину ирфон таваҷҷўҳ зоҳир намешуд ва ё муносибати якҷониба сурат мегирифт. Маҳз дар даврони истиқлол баррасии ҷиддӣ ва воқеии масоили динӣ ривоҷ пайдо кард. Илова бар расмӣ шудани маросиму идҳои динӣ, аз қабили Рамазону иди қурбон таҷлилу бузургдошти орифону намояндагони барҷастаи дин ба роҳ монда шуданд. Таҷлили 1310 –солагии Абўҳани фа Имоми Аъзам, ки 5-6 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, далели равшани он аст. Дар Симпозиуми байналмилалие, ки бо ширкати намояндагони олирутбаи давлатҳои исломӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронии пурмўҳтаво намуда, арзишҳои ахлоқиву маънавии афкори Абуҳанифа ва нақши волои ўро дар ривоҷи дини ислом таъкид кард. Дар суханрониҳои муҳаққиқони кищварҳои гуногун аҳамияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дар тарбияи ахлоқии мардум нишон дода шуд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои фарҳангии мардуми мо дар солҳои охир ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврўз аст. Дар замони ҷаҳонишавӣ мавриди пазириши оламиён қарор гирифтани ҷашни миллии тоҷикон аз фарҳанги ғаниву пурбори мардум гувоҳӣ медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари давлат барои ҳамчун ҷашни байналмилалӣ сабт шудану ҷорӣ гардидани он талошу кўшишҳои зиёд ба харҷ доданд. Дар суханрониҳои худ Эмомалӣ Раҳмон ба фазилатҳо ва арзишҳои баланди ахлоқиву маънавии ин ҷашни бостонӣ ишора намуда таъкид мекунад: « Дар ин рўз табиат ва инсон неруи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҷон меоянд, одамон некиву накукорӣ ва омолҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи инҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳовар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳад». Эмомадӣ Раҳмон ҳамеша ба арзишҳои умумибашарии ин ҷашнм фархунда ишора менамояд: «Бузургдошти Наврўз – умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тўли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст». Аз ин ҷост, ки ҷашни Наврўз дар саросари ҷумҳурӣ дар ҳар хонадону муассиса бо шукўҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад. Дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияхои гуногн наврўзгоҳҳо ташкил шудаанд, ки дар рўзҳои ҷашн макони сайру тафреҳи идонаи мардум мебошанд…

пешина
аз 625
навбатӣ