Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соли гузашта бо қарори ЮНЕСКО 600-солагии шоир ва мутафаккири барҷаста Мавлонро Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зиёде андешида шуданд. Аз ҷумла беш аз 20 китоб аз осори шоир ва таҳқиқот дар бораи аҳволу осори ў дар нашриётҳои «Дониш», «Адиб», «Бухоро», «Ирфон» ба табъ расиданд. Ҳамчунин нашриёти бонуфузи Россия «Наука» мунтахаби осори шоирро бо сифати баланд нашр намуд. Дар китоб мақолаи ҷолиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мащъали фарҳанги тоҷик»
ҷой дода шудааст, ки баёни арзишҳои маънавии осори шоирро дар бар мегирад. Конференсияи байналмилалии «Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамаддуни Шарқ», ки дар толори пуршукўҳи Театри опера ва балшети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ ёфт, дар сатҳи баланди илмиву ташкилӣ гузашт. Ба конференсияи мазкур суханронии пурмазмуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшид, ки дар он масъалаҳои умдаи аҳволу осори шоир баррасӣ гардида, вазифаҳои олимон дар Ҷомишиносӣ муайян карда шуданд. Дар 5 бахши конференсия беш аз 70 суханронии илмӣ шунида ва баррасӣ шуданд. Дар кори конференсия донишмандон ва намояндагони беш аз 30 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Амрико, Франсия, Туркия, Олмон, Россия, Белоруссия, Покистон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва амсоли инҳо ширкати варзиданд. Дар кори конференсия директори Институти байналмилалиии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (ЮНЕСКО) ҷаноби Пак Пилхо ширкат ва суханронӣ намуд. Дар суханрониҳои илмии конференсия муҳимтарин дастовардҳои Ҷомишиносӣ баён гардида, барои таҳқиқи бештару амиқтари аҳволу осор ва афкори Абдураҳмони Ҷомӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа шуданд.
Дар давраи истиқлол ҳамчунин 1000- солагии шоир ва мутафаккири бьузург Носири Хусрав, 110- солагии зодрўзи Шириншо Щотемур, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ва амсоли инҳо дар сатҳи хеле баланд ва пуршукўҳ таҷлил гардиданд. Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи ҷаласаҳои ҷашниву ҳамоишҳои илмии марбут ба санаҳои мазкур Президенти мамлакат шахсан щиркат ва суханронӣ намуда, андешаҳои судманд баён кардааст. Дар суханрониҳои худ сарвари давлат мардумро ба гирифтани ибрат аз гузаштагони накуном, донишомўзиву маърифатандўзӣ, созандигиву ободкорӣ, дўстиву ваҳдат ва дигар хислатҳои ҳамида даъват менамояд.

пешина
аз 625
навбатӣ