Равзанаи адаб

Бианҷомид «Донишнома»-и ман, Баромад з-ў муроду комаи ман.
Ҷои дигар ба мўҳтавои асар ишора шудааст:
Ман ин нома ба коми дил бигуфтам, Басе илм андар ин нома нуҳуфтам.
Нишони дардҳои гуна-гуна,
Бигуфтам ман туро чуну чӣ гуна.
Илоҷи дардмандон низ гуфтам, Ба ҳар дарде илоҷе чанд ҷустам.
Ва номи доруву ҳам табъи дору, Дар ин нома бигуфтастам ба ҳар ду Тавре ки мебинем, «Донишнома»-и Майсарӣ ба талаботи донишномаҳои тахассусии тиббӣ ҷавоб медиҳад.
Дар поёни асри ХХ ва ибтидои қарни ХХ1, ки давраи рушду густариши иттилоот ва иттилоърасонист, донишноманигорӣ ривоҷи тоза пайдо намуд. Ҳоло дар кишварҳои гуногуни олам навъҳои мухталифи донишнома бо теъдоди зиёд ба табъ мерасанд. Имрўз ҳатто навъҳои электрониву интернетии донишномаҳо ба вуҷуд омадаанд.
Танҳо ба забони форсӣ дар Эрон ва хориҷ аз он беш аз сад донишнома дар ҳоли таълиф ва нашр мебошад, ки «Доиратулмаорифи бузурги исломӣ», «Донишномаи ҷаҳони ислом», « Донишномаи адаби форсӣ», «Донишномаи забон ва адаби форсӣ дар шибҳақора», «Доиратулмаорифи созҳои Эрон»
намунаҳои барҷастаи онҳоанд.
Дар Тоҷикистон низ дар ин давра донишноманигорӣ ривоҷ пайдо кард, ки таълифу нашри «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» дар 8 ҷилд ва «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик»
дар 3 ҷилд гувоҳи он мебошанд. Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри «Донишномаи миллии тоҷик» дар 15 ҷилд тасмим гирифтааст, ки ин ба рушду тавсиаи донишноманигорӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Тавре ки зикр шуд, донишнома навъҳои гуногун дорад, ки донишномаи тахассусии инфиродӣ яке аз онҳост. Мутаассифона, ин навъи донишнома дар Эрону Тоҷикистон ва сойири кишарҳои форсизабон ривоҷ наёфтааст. То ҷое, ки иттилоъ дорем, дар ин замина танҳо «Донишномаи Алӣ (а)» дар 12 ҷилд ба табъ расидааст, ки он ҳам бештар ба маҷмўаи мақолот монанд аст.
Дар бораи адибони бузурги олам: Лермонтов, Пушкин, Шевченко, Абай, Янка Брис, Петрус Бровка ва амсоли онҳо донишнома офарида шудаанд, вале то ҳол дар бораи ягон адибу донишманди маъруфи форсу тоҷик чунин асар ба вуҷуд наомадааст, дар ҳоле, ки як зумра адибони мо шўҳрати ҷаҳонӣ дошта, дар таърихи тамаддуни олам дорои ҷойгоҳи баланд мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор