Равзанаи адаб

Поягузори адабиёти форсу тоҷик, Одамушшуаро Абўабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рўдакӣ аз зумраи онҳост.
Ҳарчанд дар бораи Рўдакӣ рисолаву мақолаҳои зиёди таҳқиқотӣ навишта шуда, чандин асари ҷамъбастӣ ба забонҳои гуногун ба табъ расидааст, вале то ҳол як асари комили куллие офарида нашудааст, ки ҳамаи паҳлўҳову ҷанбаҳои рўзгору осори ўро фаро гирад. Аз ин рў андешаи офаридани «Донишномаи Рўдакӣ» дар охирҳои асри ХХ чандин бор ба миён омада буд, вале шурўъи он ба таъхир гузошта мешуд. Ниҳоят, соли 2006 шўъбаи аз нав таъсисшудаи таърихи адабиёти Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ ба ин кори муҳим даст зада, онро ба нақшаи фаъолияти илмӣ барои солҳои 2006-2010 ворид намуд.
Худи ҳамон сол бо саъю талош ва ҷустуҷўҳои кормандони шўъба «Луғатномаи «Донишномаи Рўдакӣ» омода гардида, ба теъдоди 100 нусха чоп ва ба рўдакишиносону марказҳои илмиву фарҳангӣ фиристода шуд. Роҷеъ ба ин луғатнома, ки беш аз 2800 мадхалро дар бар мегирифт, муҳаққиқони зиёде изҳори назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд. Луғатнома пас аз ду маротиба баррасӣ шудан дар ҷаласаи шўрои илмии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ хеле такмил ёфт ва теъдоди мадхалҳои он тақрибан ба 5 ҳазор расид.
Тавре ки маълум аст, донишномаҳо пеш аз ҳама ҷанбаи иттилоотӣ доранд. Дар «Донишномаи Рўдакӣ» низ саъй мешавад, ки роҷеъ ба ҳамаи паҳлўҳои рўзгору осори шоир иттилооти зарурӣ сабт гардад. Яъне он фарогирандаи кулли маълумоти дастрас дар робита ба Рўдакӣ мебошад. Аз он хонанда новобаста аз сатҳи дониш метавонад дар бораи ҳар чи марбут ба Рўдакӣ ва зиндагиву осору замон, андеша, мавзўоти осор, ҳунар ва амсоли онҳост, маълумот пайдо кунад. Масалан, ба номи Рўдакӣ кадом хиёбону кўчаҳо,муассисоту марказҳо гузошта шудаанд, дорандагони ҷоизаи ба номи ў киҳоянд, зодгоҳи шоир дар куҷост, чӣ вазъ дорад ва амсоли инҳо. Ин иттилоот дақиқ ва саҳеҳ буда, аз сарчашмаҳои мўътамад гирифта шудаанд. Маъхази иттилоот тибқи муқаррароти қабулшуда нишон дода мешавад.
Дар баъзе донишномаҳо, аз ҷумла дар «Доиратулмаорифи бузурги исломӣ», «Доиратулмаорифи ҷаҳони ислом», «Донишномаи Ираника…»
мақолаҳо бештар ҷанбаи илмиву таҳқиқӣ дошта, мулоҳизаҳо дар асоси далелу бурҳон баён шудаанд . Дар аксари мақолаҳои «Донишномаи Рўдакӣ» низ ин равиши илмӣ пеш гирифта шудааст.
Ба хусус мақолаҳое, ки ба аҳволу осор, андешаву афкор, сабку маҳорати суханварии Рўдакӣ, шеърҳои ҷудогонаи ў бахшида шудаанд, ҷанбаи таҳқиқӣ дошта, сатҳу ҳолати кунунии рўдакишиносиро нишон медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор