Равзанаи адаб

Тақрибан пас аз бист сол ба муносибати ҷашни 1100- солагии устод Рўдакӣ Бадеуззамон Фурўзонфар дар яке аз ҳамоишҳои илмӣ дар бораи ашъори шоир суханронӣ мекунад, ки он дар шакли мақолаи илмӣ таҳти унвони «Шеъру шоирии Рўдакӣ» ба табъ мерасад. Ин мақола низ дар маҷмўаи «Ёди ёри меҳрубон» ҷой дода шудааст. Дар ин мақола Фурўзонфар дар асоси ашъори Рўдакӣ, ки аз сарчашмаҳои нисбатан қадимӣ ва наздик ба замони шоир амсоли «Луғати фурс»-и Асадии Тўсӣ, «Таърихи Систон», «Таърихи Байҳақӣ», «Тарҷумонулбалоға», «Ҳадоиқуссеҳр», «Тўҳфатулмулук», «Лубобулалбоб», «Алмуъҷам»
гирдоварӣ шудаанд, дар бораи чанд ҷиҳати ашъори ў мулоҳизаҳои тозаи худро баён намудааст. Пеш аз ҳама ў таърихи суруда шудани чанд шеъри машҳури шоирро муайян карда, зимнан иштибоҳотеро, ки гўё дар мақолаи аввалааш роҳ додааст, ислоҳ менамояд. Масалан, ў қаблан ба сафари Наср ибни Аҳмад ба Ҳирот ва суруда шудани қасидаи «Бўйи ҷўйи Мўлиён» дар он ҷо шубҳа дошт. Пас аз ҷустуҷўҳои илмӣ ва дарёфти далелҳои тоза вақти сафар ва таълифи қасидаи мазкурро муайян менамояд.
Дар ин мақола муаллиф масъалаи кўрии Рўдакиро ба миён гузошта, иштибоҳи дигари худро, ки ба кўри модарзод будани шоир шубҳа карда буд, ислоҳ намуда, қотеона таъкид мекунад, ки «устод Рўдакӣ бидуни ҳеч гуна шак кўри модарзод буда ва ҳаргиз ҷаҳон ва сувари ҳиссиро ба чашми зоҳир мушоҳида нанамудааст»(саҳ. 107). Барои тақвияту исботи ин андеша ў Рўдакиро бо шоири арабизабони эронӣ Башшор ибни Бурд муқояса мекунад ва аз девони ў мисолҳои фаровонеро меорад, ки бо вуҷуди кўр будан ба дидан ва рангҳо ишора намудааст. Мутаассифона, далелҳои овардаи муаллиф ҳанўз комилан муътамад нестанд ва андешаи дар мақолаи аввал баён кардаи ў ба ҳақиқат наздиктар аст, ки дар ин бора мо дар мақолаи дигар баҳси муфассал кардаем(ниг.: Бори дигар дар бораи нобиноии Рўдакӣ).
Фурўзонфар дар ин мақола ба масъалаи миқдори ашъори Рўдакӣ низ ишора намуда, шубҳаи худро ба андешаи Муҳаммад Авфӣ ва Рашидии Самарқандӣ дар ин бобат рад менамояд ва муболиғаомез набудани гуфтаи онҳоро таъкид мекунад.
Ҳамчунин дар мақола ба забардастии Рўдакӣ дар офаридани навъҳои шеъри форсӣ амсоли қасида, қитъа, ғазал, маснавӣ, рубоӣ ва саҳми барҷастаи ў дар рушду такомули забони форсии дарӣ ишора шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор