Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мақолаи Абдулҳусайни Зарринкўб «Рўдакӣ - шоири равшанбин» низ сухан аз шарҳи аҳволу осори шоир меравад.
Мақола бо тасвири замони пирии Рўдакӣ, ки дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» бозтоб ёфтааст, оғоз меёбад. Сипас муаллиф масъалаи кўрии Рўдакиро ба миён гузошта, ба маълумоти сарчашмаҳо ишора мекунад ва мувофиқ набудани худро ба кўри модарзодии шоир иброз намуда, чунин фарзияро баён мекунад, ки ба назари мо комилан дуруст аст : « …гўйӣ кўрӣ низ мисли пирӣ ва сустиву нотавонӣ фақат дар солҳои поёни умр ба суроғи ў омадааст» (саҳ. 37). Зарринкўб ҳамчунин дар хусуси бо шиканҷа кўр кардани шоир шубҳа намудааст. Дар мақола масъалаи бозтоби вазъи Бухоро, ба хусус ҳаёти дарбори Сомониён ва зиндагии лоуболонаи худи шоир дар ашъори боқимондаи ў батафсил баён шудааст.
Мақолаи Ҷаъфари Шиор ва Ҳасани Анварӣ «Дар бораи Рўдакӣ ва асри ў» ба тасвири вазъи ҷаҳон дар қарни Х ва муҳити сиёсиву фарҳангии Рўдакӣ оғоз меёбад. Сипас шарҳи мухтасари аҳволу осори Рўдакӣ бо истинод ба маълумоти сарчашмаҳо зикр мегардад. Дар фасли «Достони нобиноии Рўдакӣ» роҷеъ ба масъалаи кўри модарзод будан ё баъд нобино гаштани ў сухан меравад. Муаллифони мақола пас аз нақли маълумоти сарчашмаҳо назари муҳаққиқони муосирро дар ин бобат мавриди баҳс қарор дода, бо зикри суханони донишманди тоҷик А. Мирзоев, ки ҷамъбасти назари муҳаққиқони шўравӣ буд, баҳсро ба анҷом мерасонанд. Дар фасли «Рўдакӣ чӣ мазҳабе доштааст ?» муаллифон далелҳоеро зикр мекунанд, ки ба мазҳаби шиаи исмоилия гаравиш доштани шоирро ба субут мерасонад. Вале дар охир таъкид мешавад, ки «Ў бар хилофи Носири Хусрав дар эътиқоди динии худ устувор нест, беш аз он ки андешаи тааббудӣ ва динӣ дошта бошад, андешаи фалсафӣ ва озод дорад»(саҳ. 54).
Андешаи ўро онҳо навъе «тафаккури эпикурӣ» медонанд.
Муаллифони мақола ба муҳтавои ашъори боқимондаи Рўдакӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, вуҷуди андешаҳои гуногуни фалсафиро дар осори шоир таъкид мекунанд : «Дар шеъри боқимондаи Рўдакӣ хирадгароӣ(rationalisme), илмгароӣ(scietisme), беэътибориии ҷаҳон ва ишқ, лаззатгароӣ(epicureanisme) ва андешаи саодат(Pelicitologio: андеша ба он ки саодат дар чист ?)дида мешавад»(саҳ. 55). Сипас мавзўъҳои «беэътибории ҷаҳон ва ишқ дар низоми фикрии Рўдакӣ», «Саодат дар чист ?»-ро мавриди баҳс қарор медиҳад. Қисмати охири мақола ба шарҳи ҳукумати Сомониён, шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро дар он даврон бахшида шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ