Равзанаи адаб

Шоир унсурҳои табиатро ба одамону ҷонварон монанд карда, ҷанбаи пўёиву ҳаракатро дар тасвирҳо қавӣ намудааст. Барои офаридани тасвирҳо шоир аз унсурҳои табиат ва олами ҳайвонот ба таври фаровон истифода кардааст. Аз ин ҷост, ки «дар сувари хаёли ў(Рўдакӣ- М.М.) умури зеҳниву интизоӣ низ ба ҷомаи умури ҳиссиву моддӣ дармеоянд ва агар як сўи хаёли ў мафҳуме интизоӣ бошад, сўи дигар амре маҳсусу малмус хоҳад буд»(саҳ. 90).
Мушоҳидаҳои муаллиф, ки аксаран тозаву ҷолибанд, на танҳо барои баррасии амиқтари сабки Рўдакӣ ва ҳуросонӣ хеле муфиданд, балки ҷиҳати таҳқиқи қиёсии сабкшиносии осори шоирони асрҳои дигар низ судманд мебошанд. Аз ҷумла аз назари Шафеии Кадканӣ унсурҳои фарҳанги зардуштиву Эрони бостон дар осори боқимондаи Рўдакӣ «беш аз аносири исломӣ ва арабӣ аст»(саҳ. 90).
Ба андешаи ў дар ашъори боқимондаи Рўдакӣ ташбеҳ хеле зиёд буда, вале маҷозу истиора ниҳоят кам аст, шоир ба ранг камтар таваҷҷўҳ дорад ва амсоли инҳо. Азбаски аз осори фаровони шоир то имрўз намунаҳои хеле кам боқӣ мондаанд, дар масоили мазкур баровардани ҳукми қатъӣ душвор аст. Аз ин рў баъзе андешаҳои муҳаққиқ баҳсангезанд. Масалан, ў таъсири илмро дар тасвирҳои шоир нодида гирифта, таъкид мекунад, ки «таъсири илмро ба ҳеҷ гуна дар хаёли ў наметавон ҷустуҷў кард»(саҳ. 93). Дар ҳоле ки дар ашъори хеле ками бозмондаи шоир тасвирҳои мабнӣ бар илм, ҳатто улуми дақиқу табиатшиносӣ амсоли нуҷум, кимиё, набототшиносӣ, ҷонваршиносӣ, тиб… метавон хеле зиёд пайдо кард. Дар «Донишномаи Рўдакӣ», ки ҳоло омода мешавад, беш аз 200 истилоҳи илмӣ дар ашъори боқимондаи шоир тавзеҳ ёфтаанд.
Шафеии Кадканӣ низ дар асоси таҳлили сувари хаёлҳои ашъори шоир ба натиҷаи дуруст мерасад, ки Рўдакӣ кўри модарзод набудааст.
Мақолаи «Аносири бадеӣ дар шеъри Рўдакӣ»-и Ҳамиди Зарринкўб ба наҳваи корбурди санъатҳои бадеӣ дар ашъори бозмондаи шоир ихтисос дода шудааст. Муаллифи мақола баррасиро бо тарсеу мувозана шурўъ мекунад ва хеле соддаву табиӣ будани онҳоро дар шеъри Рўдакӣ бо мисолҳо ба субут мерасонад. Ба ин минвол дар мақола санъатҳои ҷинос, тасдир, миръотунназир, тазод, сиёқатулаъдод, тансиқуссифот, иғроқ, луғазу чистон ва амсоли инҳо мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Зимнан муаллиф дар мақола роҷеъ ба нақши унсурҳои табиат дар тасвирофаринии маҷозу истиора таваққуф намуда, хеле содаву табиӣ будани онҳоро таъкид месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор