Равзанаи адаб

Дар натиҷаи баррасии амиқи чанд санъати бадеӣ муаллифи мақола ба хулосае меояд, ки Рўдакӣ аз санъатҳои лафзӣ ба мувозана ва аз санъатҳои маънавӣ ба миръотунназир таваҷҷўҳи бештар дошта, «ҳаргиз маъниву мазмунро фидои санъатгарӣ накардааст»(саҳ. 132).
Дар мақолаи донишманди маъруф Муҳаммад Муин «Қасидаи Рўдакӣ ва истиқболи гўяндагон» қасидаи машҳури шоир «Бўйи Ҷўйи Мўлиён» мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Пеш аз ҳама таърихи суруда шудани қасида дар асоси маълумоти «Чаҳор мақола»-и Низомии Арўзии Самарқандӣ баён гардида, таъсири амиқи он ба амири сомонӣ ёдоварӣ мешавад. Дар баъзе сарчашмаҳо ин шеър ба Муиззӣ нисбат дода шудааст. Муаллифи мақола ба ин масъала ишора намуда, бо далелҳо ба Рўдакӣ тааллуқ доштани онро ба субут мерасонад. Сипас чанд шеъре, ки дар пайравии қасидаи Рўдакӣ суруда шудааст, ба таври муқоясавӣ баррасӣ гардида, ҳусну қубҳи онҳо нишон дода мешавад. Дар мақола ашъори Муиззӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Ғулом Ҳусайнхони Ҳайрат ва Сайид Аҳмадхон мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Дар поёни мақола имтиёзҳои қасидаи мазкури Рўдакӣ баён гардида, назари интиқодии Давлатшоҳи Самарқандӣ ба қасида баррасӣ мешавад.
Тавре ки маълум аст, дар пайравию татаббўи қасидаи «Бўйи Ҷўй Мулиён» то имрўз беш аз 100 шеър навишта шудааст, вале дар мақола танҳо чаҳор шеър мавриди баррасӣ қарор дода шудааст ва сабабу меъёри интихоби ин шеърҳо ҳам баён нагардидааст. Ба назари хонанда чунин мерасад, ки дар пайравии шеъри Рўдакӣ фақат шоирони мазкур шеър гуфтаанд. Албатта, мақолаи Муҳаммад Муин бори аввал соли 1323\1944 дар маҷаллаи «Омўзиш ва парвариш» чоп шудааст, ки он вақт ашъори ҷавобии шоирони дигар маълум набуданд.
Вале пас аз он дар ин мавзўъ чандин мақола ба табъ расид. Аз ин рў дар тавзеҳоти маҷмуа ин матлаб ёдоварӣ мешуд, арзиши мақола меафзуд.
Дар мақолаи Ҷалолиддини Ҳумоӣ «Рўдакӣ ва ихтирои рубоӣ» масъалаи пайдоиши навъи рубоӣ ба миён гузошта шудааст. Муаллиф пеш аз ҳама таъкид мекунад, ки эрониҳо ба забони арабӣ чун ба забони бегона назар намекарданд ва калимаву истилоҳотро ба вожаҳои арабӣ месохтанд, ки рубоӣ яке аз онҳост, зеро худи арабҳо ба ҷои рубоӣ дубайтӣ мегўянд.
Сипас ў ба ривояти ихтирои рубоӣ ишора карда, саҳми Рўдакиро дар ташаккулу такомули ин навъи овозадори шеър нишон медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор