Равзанаи адаб

Муаллиф таъкид мекунад, ки дар ин бора Асадии Тўсӣ низ дар зимни мунозараи «Аҷам ва Араб» ишора кардааст, ки «то кунун мавриди таваҷҷўҳ воқеъ нашудааст»(саҳ. 245). Тибқи ишораи Асадии Тўсӣ ашъори Рўдакӣ «беш аз саду ҳаштод ҳазор байт будааст»(саҳ. 245). Аз ин миқдор то имрўз намунаи хеле кам боқӣ мондааст. Тавре ки дар мақола омадааст, устод Саид Нафисӣ дар нашри аввали китоби худ 832 байти шоирро аз манобеи гуногун ҷамъоварӣ карда буд. Дар чопи дувуми китоб миқдори ашъори шоир ба 1047 байт расид. Пас аз он ҷустуҷўи осори шоир дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон идома пайдо кард ва чанд байти тоза ба даст омад. Алиашрафи Содиқӣ саъй намудааст, ки «ҳамаи ин ашъорро бо он чи худ дар баъзе нусахи хаттӣ ёфтааст, бо тасҳеҳи ағлоти ошкор ва афтодагиҳои онҳо ва бо порае мулоҳизоти дигар дар ин мақола дар дастраси толибон қарор диҳад»(саҳ. 246). Ба ин тартиб 52 байте, ки донишманди покистонӣ Муҳаммад Иқбол, олимони тоҷик А. Мухторов, С. Имронов ва донишмандони эронӣ Муҳаммадтақӣ Донишпажўҳ, Эраҷи Афшор, Муҳаммадамини Риёҳӣ ва худи муаллифи мақола аз сарчашмаҳои гуногун ҷамъ овардаанд, мавриди баррасӣ карор дода шуда, тафовуту нусхабадалҳо зикр мегарданд. Муаллиф мақоларо бо чунин орзу ба поён мерасонад : «Ҷои он дорад, ки соҳибҳиммате муҷаддадан тамоми ашъори шоирро бар асоси куллияи маъхази мавҷуд ва бо шеваи интиқодӣ ва ба даст додани куллияи забтҳо аз нав ҷамъоварӣ кунад; ашъореро, ки ба дигарон нисбат дода шудааст, дар фасле ҷудогона гирд оварад ва абётеро, ки вазну қофия ва сабки онҳо якест, аммо дар маъхази мухталиф пароканда аст, ҳамаро аз ҳам тафкик ва мутамойиз кунад, на ончунон ки шеваи мутадовили муҳаққиқони мо аст, онҳоро ба дунболи ҳам ва ба сурати қитъаҳои пайваста биёварад, то аз ин шоири бузург, ки алҳақ бояд ўро падари шеъри форсӣ номид, маҷмўае қобили истинод, ки бароварандаи ниёзҳои таҳқиқии ин замон бошад, дар дастрас қарор гирад»(саҳ.265).
Бояд гуфт, ки барои амалӣ шудани ин орзу ахиран донишмандони тоҷик Расул Ҳодизода ва Алӣ Муҳаммадӣ ҳиммат гумоштанд ва матни илмиву интиқодии осори боқимондаи Рўдакиро омода намуданд.
Пас аз чопи мақолаи мазкур дар маҷаллаи «Нашри дониш» Алиашрафи Содиқӣ ҷустуҷўро идома дода, он 52 байти пас аз Саид Нафисӣ гирдоварӣ шударо ба девони Қатрон муқояса мекунад. Маълум мешавад, ки 23 байти он дар девони Қатрон мавҷуд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор