Равзанаи адаб

Бинобар ин дар тавзеҳоти мақолаи мазкур хориҷ кардани он байтҳо аз осори шоир таъкид мешавад.
Хидмати Рўдакӣ дар ташаккул ва рушди вазни арўз низ калон аст. Ин мавзўъ дар мақолаи Масъуди Фарзод «Арўзи Рўдакӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф пеш аз ҳама ба манбаи баррасии худ – маҷмўаи ашъори Рўдакӣ, ки бо кўшиши И. Брагинский ва Д. Комиссаров с. 1964 дар Маскав ба табъ расидааст ва «ҷомеътарину дақиқтарин маҷмўаи ашъори Рўдакӣ»(саҳ. 267) мебошад, ишора менамояд. Қабл аз муайян кардани вазни ашъор муаллиф ба масъалаи интисоби шеър ба шоирони гуногун, авзони касирулистеъмол дар забони форсӣ таваҷҷўҳ зоҳир намудааст. Сипас ба баррасии муфассали вазни ашъори Рўдакӣ пардохта, ба тариқи ҷадвал онро нишон додааст. Қобили таваҷҷўҳ аст, ки муҳаққиқ танҳо бо ҷадвал ва омор маҳдуд нашуда, вежагиҳои истифодаи вазни арўзро дар ашъори Рўдакӣ таъкид намудааст ва ба вазнҳои хосе, ки танҳо дар ашъои Рўдакӣ ба назар мерасад ва ё хеле нодиранд, ишора намудааст. Масалан, дар ҷадвали «Авзоне, ки мўҳтамалан аз ибтикороти арўзии Рўдакӣ аст» 12 вазн зикр гардидааст, ки онҳо аз «мухтареоти арўзии худи ўст»(саҳ. 301).
Ҳамчунин дар мақола роҷеъ ба такрори байтҳо дар чопи Маскав, иштибоҳоти арўзӣ дар матни он нашр ва асолати арўзи форсӣ изҳори назар шудааст. Муаллиф ба натиҷае мерасад, ки «авзони арўзии Рўдакӣ ва дар ҳақиқат тамоми системи арўзии забони форсӣ асолати эронӣ дорад ва ҳамон аст, ки қабл аз ислом (балки ба қароине аз замони Ашкониён ба ин тараф) дар Эрон вуҷуд доштааст»(саҳ. 307).
Дар маҷмўаи «Ёди ёри меҳрубон» ду мақолаи донишманди маъруфи Эрон Парвиз Нотили Хонларӣ, ки ба сарзамини Тоҷикистон ва мардуми тоҷик меҳру муҳаббати зиёд дошт, ҷой дода шудааст. Мақолаи аввал «Дар сарзамини Рўдакӣ» аз сафари муаллиф ба Тоҷикистон ва ширкати ў дар симпозиуми байналмилалии шеъри форсӣ, ки соли 1967 дар Душанбе баргузор шуда буд, ҳикоят мекунад. Дар ин симпозиум аз кишварҳои гуногун, амсоли: Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон шоирону донишмандони маъруф мисли Нодири Нодирпур, Суратгар, Абдулҳаққи Вола, Моили Ҳиравӣ, Мунибурраҳмон ширкат варзиданд. Муаллифи мақола роҷеъ ба робитаи фарҳангии Тоҷикистону Эрон ва таваҷҷўҳи зиёди мардуми тоҷик ба эрониҳо ва шеъри муосири форсӣ сухан ронда, ба шеъри шоири ҷавони тоҷик Убайд Раҷаб дар бораи забони тоҷикӣ баҳои хеле баланд медиҳад : «Як шоири ҷавони тоҷик шеъре дорад, ки мазмуни он дилбастагӣ ба забони дарӣ аст ва ман дар форсӣ шеъре дигар чунин пуршўр дар баёни ин алоқа ба забони форсӣ(дарӣ – тоҷикӣ) суроғ надорам»(саҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор