Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло аз баҳс дар ин мавзўъ худдорӣ намуда, танҳо бо ишора ба «Авесто» ва «Бундаҳишн», ки ҳамчун қомусу донишномаи аҳди бостон шинохта шудаанд, иктифо менамоем.
Минуӣ барои пуштибонӣ аз арабҳо мисолҳои зиёде меорад ва аз ҷумла таъкид мекунад, ки онҳо осори фаровонеро аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума кардаанд. Вале ў ба назар нагирифтааст, ки ин корро бештар на арабҳо, балки асосан худи эрониҳо алорағми истилогарон кардаанд, то бузургиву арзишҳои маънавии аҷдодони худро нишон диҳанд ва ҳифз намоянд.
Дар мақола ба он асарҳои аҳди бостон, ки Рўдакӣ ба назм даровардааст, ишора шудааст. Аз ҷумла «Калила ва Димна», «Синдбоднома» ва «Булуҳар ва Бузосаф» зикр мешаванд ва таъкид мегардад, ки аз онҳо абёти хеле кам боқӣ мондаанд. Дарвоқеъ, аз ду маснавии аввал пораҳо боқӣ мондаанд, вале аз маснавии севум имрўз байте ҳам дар даст нест ва дар кадом асос ба ин хулоса омадаани муаллиф ҳам номаълум аст.
Дар мақола ҳамчунин ба миқдори ашъори Рўдакӣ ва кўрии ў ишора шудааст. Аз ҷумла ў назари мухталифи муҳаққиқонро дар бораи кўрии шоир баён намуда, розӣ набуданашро ба кўри модарзодии Рўдакӣ изҳор менамояд ва ҳамчун далел қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро меорад, ки воқеан андешаи ўро ба субут мерасонад. Вале ў ҳам эҳтимоли дар поёни умр кўр карда шудани Рўдакиро ҷонибдорӣ карда, маълумоти Наҷотиро дар бораи бо мил кўр карда шудани шоирро тасдиқ менамояд.
Дар маҷмўаи «Ёди ёри меҳрубон» мақолаи донишманди тоҷик Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ, ки чандин сол дар Эрон зиндагӣ ва кор кардааст, таҳти унвони «Се сухан перомуни устод Рўдакӣ» ҷой дода шудааст. Мақола аз се бахш иборат буда, дар бахши аввал дар бораи ифодаи шоиронаи «қатраборон», ки дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» барои тасвири дандон истифода шудааст, баҳс меравад. Муалллиф бо далелҳои зиёд «қатраборон»-ро ба маънии гиёҳ шакли дурусти вожа мешуморад. Бахши дувуми мақола ба радифи қасидаи мазкур бахшида шудааст. Муаллиф таъкид мекунад, ки дар ин қасида радифи «буд» ба тақозои мазмун ба «шуд»
табдил ёфтааст. Дар бахши сеюм «Шинохте дигар аз Одамушшуаро» дар бораи вежагиҳои осори шоир ва мазмуну мўҳтавои баланди он сухан меравад.
Дар мақолаи донишманди маъруфи эронӣ Алиашрафи Содиқӣ «Ашъори тозаи Рўдакӣ» пеш аз ҳама ба миқдори хеле зиёди ашъори шоир ва иттилои сарчашмаҳо ишора мешавад.

пешина
аз 625
навбатӣ