Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

315).
Зимнан бояд гуфт, ки ба ин шеъри Убайд Раҷаб донишманди дигари эронӣ Ғуломҳусайни Юсуфӣ ҳам баҳои баланд дода, мақолаи ҷудогонае ба он ихтисос додааст.
Мақолаи дигари Парвиз Нотили Хонларӣ «Сафарнома аз шаҳри Ҳофиз то диёри Рўдакӣ» ном дошта, дар бораи сафари дуюми муаллиф ба Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар ҷашни 650
–солагиии Ҳофизи Шерозӣ ҳикоят мекунад. Дар мақола инчунин сафари муаллиф ба шаҳри Самарқанд ва зодгоҳи Рўдакӣ - деҳаи Панҷрўд, шаҳри Панҷакент ва боздид аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангии он шаҳрҳо тасвир шудаанд.
Дар мақола ҳамчунин муаллиф мулоҳизаву мушоҳидаҳои худро дар бораи баъзе калимаҳое, ки дар гўиши мардуми тоҷик асолати худро нигоҳ доштааст, баён намудааст. Масалан, ў аз шунидани лафзи «форам», ки дар забони имрўзаи форсӣ истифода намешавад, ба ваҷд омада, таъкид мекунад, ки «ин луғати эронии асил аст, ки бо калимаи «хуррам» иртиботи реша дорад»(саҳ. 321).
Муҳаммадтақии Донишпажўҳ дар мақолаи кўтоҳи «Як байт аз Рўдакӣ» мулоҳизаҳояшро дар бораи асарҳои мансуб ба Рўдакӣ ва байти тозаи зер, ки аз ў дар яке аз нусхаҳои хаттӣ дучор омадааст, баён менамояд:

Ҳар киро эзид-ш лахте ҳуш дод,
Рўзгор ўро басанда устод.

Абдулҳусайни Зарринкўб дар мақолаи «Боз ҳам дар бораи Рўдакӣ» суханро аз тарҷумаи англисии ашъори Рўдакӣ шурўъ намуда, таъкид мекунад, ки ҳанўз матни илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир таҳия нашудааст. Зимнан ба норасоиҳои китоби Саид Нафисӣ ишора гардида, зарурати идомаи ҷамъоварии осори шоир ва омода намудани матни саҳеҳи девони шоир таъкид мешавад.
Дар маҷмўа аз ашъори фаровоне, ки дар ситоиши Рўдакӣ дар тўли асрҳо офарида шудаанд, танҳо шеъри «Рўдакӣ»- и Шаҳриёр интихоб шудааст. Дар ин қасида бузургии Рўдакӣ ва шеъри ў ба қалам омадааст. Шаҳриёр дар зимни ин қасидаи тўлонӣ ба баъзе лаҳзаҳои муҳимми рўзгори шоир низ ишора кардааст. Аз ҷумла ў нобиноии шоирро таъйид намудааст :

пешина
аз 625
навбатӣ