Равзанаи адаб

Рўдакӣ бо ду чашми нобино
Раҳнамои маолбинон буд.
Бахши «Дидгоҳҳо дар бораи Рўдакӣ» зубдаи гуфтаҳои муаллифони сарчашмаҳо ва осори таҳқиқотиро роҷеъ ба Рўдакӣ дар бар мегирад. Ба хусус иқтибосҳое, ки аз осори ховаршиносони аврупоӣ оварда шудаанд, хеле ҷолиб мебошанд.
Дар бахши охирини маҷмўа ашъори Рўдакӣ аз рўи нашри Саид Нафисӣ ҷой дода шудааст.
Тавре ки мебинем, маҷмўаи «Ёди ёри меҳрубон» аз лиҳози фаро гирифтани мавод хеле ҷолиб буда, пеш аз ҳама мўҳтавои рўдакишиносии Эронро таҷассум менамояд.
Бо вуҷуди ин маҷмўа аз баъзе норасоиҳои ҷузъӣ барӣ нест, ки дар нашрҳои баъдӣ ба назар гирифтани онҳо боиси боз ҳам беҳтар шудани он хоҳад гашт. Хеле хуб аст, ки ба таърихи навишта шудан ва ё нашри ҳар мақола дар поварақӣ ишора шудааст. Вале беҳтар буд, ки тавзеҳоти бештар ба ҳар мақола дода шуда, дар он дар бораи муаллифи мақола, таърихи таълифи он ва баъзе норасоиҳои роҳёфта сухан мерафт.
Масалан, дар мақолаи Ҳамиди Зарринкўб шеърпораи «Бихандад лола дар саҳро…» барои нишон додани маҳорати Рўдакӣ дар истифодаи санъати тазод таҳлил шудааст. Дар ҳоле ки пораи мазкур аз як қасидаи комили Қатрони Табрезист. Ё худ дар мисраи дувуми байти зер, ки дар ҳамон мақола оварда шудааст, ба ҷои «чу» «чун» сабт шудааст, ки вазнро халалдор кардааст :
Чу ҳомун душманонат паст боданд,
Чун гардун дўстон воло ҳама сол(саҳ. 127) .
Дар қисмати «Дидгоҳҳо дар бораи Рўдакӣ» гуфтаҳои баъзе муҳаққиқон (Бадеуззамон Фурўзонфар, Абдулҳусайни Зарринкўб, Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, Шафеии Кадканӣ…) такрор шудаанд.
Ба ҷои онҳо аз гуфтаҳои ховаршиносон бештар нақл мешуд, беҳтар буд.
Ба таври куллӣ бояд гуфт, ки маҷмўаи «Ёди ёри меҳрубон» беҳтарин мақолаҳои донишмандони Эронро дар бораи Рўдакӣ дар бар гирифта, то андозае дастовардҳои муҳимми рўдакишиносиро намоиш медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор