Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«ҲЕҶ ГАНҶЕ НЕСТ АЗ ФАРҲАНГ БЕҲ»

Бо ҳамин унвон маҷмўаи маводи ҳамойиши байналмилалӣ бахшида ба 1150-солагии устод Рўдакӣ, ки дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 26-27 октябри соли 2008 баргузор гардидааст ба табъ расид. Маҷмўа бо кўшиши Абдулғафури Орзў дар матбааи Маслакии Афғони Кобул чоп шуда, аз ду фасл иборат аст. Фасли аввал «Бўи Ҷўйи Мўлиён» бо дебочаи мураттиби маҷмўа Абдулғафури. Орзу шурўъ шуда, паёмҳои раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, комиссияи миллии ЮНЕСКО, Академияи улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва суханрониҳои вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Рангин Додфари Сипанто, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон Фидо Ҳусайни Моликӣ, мушовири Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Икромиддин Неъматов ва волии Ҳирот Сайид Ҳусайни Анвариро, ки дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамойиш ироа шудаанд, дар бар мегирад.
Фасли дувуми маҷмўа, ки «Ёди ёрӣ меҳрубон» унвон дорад,
28 мақолаи илмии донишмандони Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистонро ба забонҳои форсиву пашту фаро мегирад. Дар мақолаи «Тиланге бар «Бўйи Ҷўйи Мўлиён»-и Абдулғафури Орзў қабл аз ҳама дар бораи бузургии Рўдакӣ ва ҷойгоҳи ў дар адабиёту фарҳанги мардуми форсизабон ва олам сухан меравад. Ба қавли ў «Рўдакӣ уқёнусе аст маввоҷ, ки ҳамаи рўдхонаи шеъри форсӣ аз он сарчашма гирифтаанд» (саҳ. 40). Муаллифи мақола ба таври мўъҷаз ба таъсири осори Рўдакӣ, ба хусус, шеъри «Бўйи Ҷўйи Мўлиён ояд ҳаме» ба шоирони асрҳои пасин амсоли Фирдавсӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Хоқонӣ, Азрақӣ, Муиззӣ, Саноӣ, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Ҳофиз ишора менамояд.
Абдулғафури Орзў дар асоси ривояти «Чаҳор мақола»-и Низомии Арўзии Самарқандӣ чанд хусусияти муҳимми шеъри «Бўйи Ҷўйи Мўлиён»-ро баён мекунад, ки қобили таваҷҷўҳанд.
Вале ба баъзе мулоҳизаҳои муҳаққиқ, ба хусус, роҷеъ ба арзёбии шеъри мазкур наметавон розӣ шуд. Ў таъкид мекунад, ки «Ин суруда (Бўйи Ҷўйи Мўлиён» - М.М.) бозтобе аз фаварони ҳолати ботинӣ ва шоиронаи Рўдакӣ нест. Бал ба хости фармондеҳони лашкарӣ ва кишварӣ суруда шуда аст» (саҳ. 43).
Аввалан агар шеъри мазкур баёни ҳолати ботинии Рўдакӣ намебуд, ҳеҷ гоҳ ба амири Сомонӣ таъсири амиқ намерасонд ва ўро водор ба «бе мўза пой дар рикоби хинги навбатӣ оварда», ба Бухоро рўй ниҳодан намекард.

пешина
аз 625
навбатӣ