Равзанаи адаб

Сониян аз мутолиаи шеър ҳар хонанда эҳсос хоҳад кард, ки он хеле самимиву бо ҳаяҷони қалб суруда шудааст. Ин шеър мисли чашмаест, ки ба таври табиӣ аз қаъри дили шоир ҷўш задааст.
Шеър ё умуман сухане, ки сохтаву маснўӣ аст (дар таърихи адабиёт чунин шеърҳо фаровонанд), ҳеҷ гоҳ ба дил асар намекунад. Аз ин рў яке аз омилҳои муассир гардидани «Бўйи Ҷўйи Мўлиён» ва шўҳрати зиёд пайдо кардани он маҳз дар самимияту соддагӣ ва бо эҳсосу ҳаяҷони қалбии шоир оғушта будани он аст. Шеъри мазкур пеш аз ҳама на ба ақлу шуури шунаванда, балки ба эҳсосу қалби ў равона шудааст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки дар шеъри мазкур андеша ҷой надошта бошад. Баръакс появу гавҳари шеърро андешаи ватандўстӣ ташкил медиҳад, вале шоир онро тавассути эҳсосу ҳаяҷони қалбӣ баён намудааст. Яъне дар ин шеър ягонагиву пайванди эҳсосу андеша, ки шарти муҳимми ҳар шеъри асил аст, бо сабки хоси Рўдакӣ «саҳли мумтанеъ» сурат гирифтааст.
Дар бахши натиҷаи мақола низ муаллиф, мутаассирона, ҳунари баланди шоирии Рўдакиро дар шеъри «Бўйи Ҷўйи Мўлиён»
нодида гирифта, ба чунин хулосаи носаҳеҳ омадааст: «Бинобар ин ҳунари Рўдакӣ на дар пардохтани шеър ва таснифе некўст, бал ҳунараш бо ҳусули мавқеъшиносӣ аст…»(саҳ.48). Сипас ў шеъри мазкурро бо шеърҳои дигари Р. муқоиса намуда, аз онҳо сусттар будани «Бўйи Ҷўйи Мўлиён»-ро таъйид мекунад: «Ба боварии ин қалам, ҳаргиз «Бўйи Ҷўйи Мўлиён» қуввати қасидаи «Модари май» ва «Маро бисўду фурў рехт ҳар чи дандон буд»-ро надорад, наметавонад бо сурудҳои «Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод» ва «Эй он ки ғамгиниву сазоворӣ» ҳамсарӣ намояд» (саҳ. 48). Албатта, шеърҳои Рўдакӣ ҳар кадом дорои сифату фазилатҳои хоси худанд ва якеро ба дигаре ба таври куллӣ тарҷеҳ додан дуруст нест. Вале чунин арзёбии шеъри мазкур мунсифона нест. Ба назари мо «Бўйи Ҷўйи Мўлиён» на танҳо аз беҳтарин шеърҳои Рўдакӣ, балки кулли назми форсизабонон аст. Маҳз дар ин шеър ҳунари «саҳли мумтанеъ» ба тамоми маънӣ зуҳур кардааст, ки мутаассифона, ба ҷуз ишораҳои И. С. Брагинский ин масъала ҳанўз тадқиқ нашудааст. Бесабаб нест, ки ба шеъри мазкур беш аз 150 шоир ҷавобия навиштаанд, вале ҳеҷ кадом ба пояи устод Рўдакӣ нарасидааст.
Бо вуҷуди ин мақолаи Абдулғафури Орзў барои шинохти шеъри машҳури Рўдакӣ ва ба хусус нақши Ҳирот дар эҷоди он судманд аст.
Масъалаҳои ахлоқӣ дар осори боқимондаи устод Рўдакӣ ҷойгоҳи хос дошта, қисмати умдаи он аз абёти пандомез иборат аст. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқи варзидаи Афғонистон Абдулғанӣ Барзинмеҳр дар мақолаи «Бархе аз шигардҳои тарбиятӣ дар ашъори Рўдакӣ» ба ин масъала таваҷҷўҳ зоҳир намуда, чанде аз мавзўъҳои муҳимми панду ахлоқиро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор