Равзанаи адаб

Ў пеш аз ҳама таъкид менамояд, ки Р. андешаҳои ахлоқиро дар қолабҳои гуногуни шеър амсоли қасида, ғазал, маснавӣ, қитъа баён кардааст. Зиндагӣ ба масобаи омўзгор, розварӣ, оҷгузорӣ, шикоят аз замона, заҳри талаб, бесуботии дунё, раҳоӣ аз ғам, васвасаи ошиқӣ, хештандорӣ, дўстиву душманӣ, саховатмандӣ, ростӣ аз ҷумлаи мавзўъҳоеанд, ки ба таври иҷмолӣ таҳлил шудаанд. Вале бояд гуфт, ки доираи масоили ахлоқиву таълимӣ дар осори боқимондаи Рўдакӣ бо ин маҳдуд намегардад ва мавзўъҳои дигаре амсоли некиву некўкорӣ, мардӣ, кўшишу меҳнат, донишу хирад, қаноат, хушгузаронии умрро низ метавон мушоҳида кард.
Баъзе мушоҳидаву мулоҳизаҳои Абдулғании Барзинмеҳр қобили таваҷҷўҳ буда, барои ҳалли мушкилоти осори шоир мадад мерасонанд. Аз ҷумла дар тавҷеҳи қитъаи зерини Рўдакӣ назарҳои мухталифе миёни муҳаққиқон мавҷуд аст:
Рўй ба меҳроб надодан чӣ суд?
Дил ба Бухорову бутони Тироз.
Эзиди мо васвасаи ошиқӣ
Аз ту пазирад, напазирад намоз.
Барзинмеҳр бо муқоясаи қитъаи мазкур бо як байти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Мо забонро нангарему қолро, Мо дарунро бингарему ҳолро) ҳамоҳангии онҳоро таъкид карда, маънии воқеии қитъаи Рўдакиро бозгў намудааст.
Зимнан бояд гуфт, ки дар мақолаи мазкур равиши татбиқӣ ё қиёсии таҳқиқ хеле хуб корбаст шуда, андешаҳои ахлоқии Рўдакӣ дар мақола бо абёти шоирони дигар амсоли Шаҳиди Балхӣ, Абутайиби Мусъабӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва ба хусус Мирзо Абдулқодири Бедил мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Барзинмеҳр дар зимни баррасии мавзўи «шикоят аз замона»
таъкид менамояд, ки шоирони аҳди сомониву ғазнавӣ бештар «машғули сароиши як навъ шеъри хушбошӣ будаанд» (с.55), ки дуруст аст. Вале ба назари мо дар ин замина дар як гурўҳ қарор додани шоирони ду давраи мухталифи таърихӣ дуруст нест. Зеро ҳадафу мароми шоирони аҳди сомонӣ, ба хусус даврони аввали он, ки Рўдакӣ намояндаи барҷастаи он аст, аз аҳдофи шоирони давраи ғазнавӣ ба куллӣ фарқ дорад. Дар воқеъ дар назми давраи Ғазнавиён, бо он ки осори бештар боқӣ мондааст, масоили иҷтимоӣ, ба хусус шикоят аз замон тақрибан ба назар намерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор