Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳоле ки дар осори шоирони давраи Сомониён, ки миқдори хеле кам боқӣ мондааст, бозтоби масоили иҷтимоӣ нисбатан бештар ба назар мерасад, ки мутаасифона, дар мақола аз онҳо истифода нашудааст. Барои мисол ба ин абёт таваҷҷўҳ шавад, ки шикоят аз замон хеле барҷаста баён шудааст:

Дар манзили ғам фиканда мафраш моем
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем,
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дасти хушу рўзгори нох(в)аш моем.


Оҳ аз ҷаври ин замонаи шум,
Ҳама шодии ў ғамон омеғ.


Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромўш…

Мақолаи «Нигорхонаи андарзу ҳикмат»-и Партави Нодирӣ низ дар назари аввал гўё ба андешаҳои ахлоқии Рўдакӣ иртибот дорад. Вале дар ин мақолаи муфассал, ки аз 22 саҳифа иборат аст, ба таври куллӣ дар бораи аҳволу осор ва афкору сабки ашъори шоир сухан меравад. Қисмати умдаи мақоларо масъалаи нобиноии Рўдакӣ ташкил дода, андешаи кўри модарзод будани шоир рад мегардад. Агар мақола ба як мавзўи мушаххас ихтисос дода мешуд, баҳс амиқтару босамар мегардид. Дар мақола роҷеъ ба панду андарзҳои шоир сухан намеравад ва унвони мақола мўҳтавои онро бозгў намекунад.
Масъалаи нобиноии Рўдакӣ дар мақолаи Сайид Махдуми Раҳин низ матраҳ шудааст. Ин мақола ҳарчанд кўтоҳ аст, дорои чанд мушоҳидаву мулоҳизаи ҷолиб буда, масъалаи нобиноии шоирро дуруст ҳал намудааст. Муаллифи мақола бо далелҳои қотеъ кўри модарзод набудан ва дар охири умр кўр карда нашудани шоирро ба субут расонда, чунин натиҷаи мантиқан дуруст мебардорад: «Бо таваҷҷўҳ ба ин ки Рўдакӣ бинобар ривоёт «тирачашм» буда, эҳтимол меравад, ки дар солҳои чиҳилсолагӣ гирифтори бемории оби марворид шуда, чашмҳояш парда оварда бошад ва саросари давраи шўҳрати худро то поёни умр бо тирагии чашм ба сар бурда бошад. Шояд ҳам аз кўдакӣ чашмонаш аз биноии бисёр каму заиф бархўрдор буда ва ин ноқиса тақрибан дар ҳадди кўрӣ ба назар мерасида» (с.103-104). Фарзияи мазкурро қасидаи ба истилоҳ «Шикоят аз пирӣ-и шоир ва далоили дигар, ки дар мақолаи инҷониб оварда шудааст, низ тақвият мебахшанд (Мирзо Муллоаҳмад.

пешина
аз 625
навбатӣ