Равзанаи адаб

Рўдакӣ ва рўдакишиносон, Д., Адиб, 2012, саҳ.81-90).
Мулоҳизаҳои муаллифи мақола дар бораи сабаби ба Рўдакӣ таваҷҷўҳи зиёд доштани Кисоӣ ва Носири Хусрав ҷанбаи таблиғотӣ доштани хулосаҳои Герасимов М. роҷеъ ба кўр карда шудани Рўдакӣ, исмоилӣ набудани шоир низ қобили таваҷҷўҳ мебошанд ва барои ҳалли масоили рўдакишиносӣ мусоидат менамоянд.
Зуҳури ташаккули адибону донишмандони бузург амсоли Рўдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ бешубҳа ба муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии замони Сомониён вобаста аст. Аз ин ҷост, ки дар чанд суханронии ҳамоиши байналмилалии Ҳирот ба ин масъала низ таваҷҷўҳ зоҳир шудааст.
Аз ҷумла дар мақолаи Бежани Салчуқӣ «Нақши Оли Сомон дар ҳавзаи тамаддун ва фарҳанг» вазъи иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон дар қарнҳои IX-X баррасӣ гардида, тавассути сиёсати дурусти Сомониён ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил ёфтани ин сарзамин таъкид шудааст.
Муаллиф ба хулосаи дуруст омадааст, ки дарбори сомонӣ аз оғози қарни чаҳорум муҳимтарин нақшро дар густариши забону адаби дарӣ бар ўҳда дошт, ин дарбор бо ҳимоят аз суханварони даригўй онҳоро ба халқи осоре ба назму наср барангехт ва муҷиб шуд, то ин забон ба тадриҷ ба унвони забони илмиву адабӣ мавриди таваҷҷўҳ қарор гирад. Сомониён бо бархўрдорӣ аз чанд вежагии муҳим тавонистанд заминаи рушду густариши забони дариро фароҳам созанд» (саҳ.128).
Мақолаи дигаре, ки айнан дар ҳамин мавзўъ таълиф шудааст, ба қалами Муҳаммад Фозили Шариф тааллуқ дорад. Дар мақолаи ў «Нақши Оли Сомон дар тавсиаи ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ»
низ дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву адабии давлати Сомониён ба қалам дода шудааст. Муаллифи ин мақола низ ба натиҷае расидааст, ки «асри сомонӣ басомонтарин давраи таърихи ин минтақа дониста шудааст (с.141).
Дар мақолаи мазкур чанд нуктаи баҳсангез вуҷуд дорад. Аз ҷумла мақола бо чунин ҷумла оғоз меёбад, ки саҳеҳ нест: «Давлати муқтадири сомонӣ, ки тавассути Амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ асос гузошта шуд ва ҳудуди саду анд сол бар ин сарзамин ҳукм ронд, саҳми бузурге дар тавсиаи ҳавзаи фарҳангиву тамаддунии мо аз худ ба ҷо гузошт» (саҳ. 139).
Тавре ки худи муаллифи мақола ҳам баъдтар иқрор мешавад, қабл аз Наср ибни Аҳмад Исмоили Сомонӣ буд, ки қаламрави давлати Сомониёнро васеъ намуда, иқтидори сиёсиву иқтисодии онро ба дараҷаи баланд бардошт ва ба эътирофи умум бунёдгузори ин давлат маҳсуб мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор