Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар як силсила мақолаҳои маҷмўа ҷойгоҳи Рўдакӣ дар шеъри форсӣ, муҳтавову мавзўоти ашъори боқимондаи ў мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Мақолаи «Ҷойгоҳи Рўдакӣ, рушд ва инкишофи шеъри форси дарӣ»-и Абдусамади Самимӣ ба арзёбии мақоми шоирии Рўдакӣ дар манбаъҳои гуногуни адабиву таърихӣ ва осори муҳаққиқони кунунӣ, таъсири ў ба раванди минбаъдаи адабиёти форсии дарӣ ихтисос дода шудааст.
Дар мақолаи «Мардумгароӣ дар шеъри Рўдакӣ»-и Зоҳиди Ғафурӣ муҳимтарин мавзўъҳои иҷтимоии ашъори шоир амсоли таваҷҷўҳ ба дин, дониш, фарҳанг, бевафоии ҷаҳон, шодигароӣ, ғамгароӣ, талошу кўшиш мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Муаллиф ҳамчунин таъкид кардааст, ки шоир аз зарбулмасалу мақолҳо барои ифодаи андешаҳои иҷтимоӣ хеле моҳирона истифода намудааст.
Мақолаҳои «Чаро Рўдакиро таҷлил менамоем?»-и Ғуломалии Ғайрат, «Рўдакӣ шоири бузурги башардўст»-и Мирзо Муллоаҳмад, «Рўдакӣ шоири хаёлпардози ишраткардаи Бухоро»-и Шоҳмуҳаммад Муслеҳ ба мавзўи инсондўстӣ, ки аз масъалаҳои асосии осори бозмондаи Рўдакӣ аст, бахшида шудаанд.
Дар мақолаи Муҳаммад Ризо Нодир «Рўдакӣ, мероси гаронқадри форсизабонон» ба муҳимтарин лаҳзаҳои рўзгор ва осори шоир ишора шуда, арзишҳои адабиву ахлоқии андешаҳои ў таъкид гардидааст. Вале дар он баъзе иштибоҳҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла муаллифи мақола менависад, ки «аз маҷмўи осори мондагори ин шоири барҷаста… то ба имрўз (яъне то соли 2008 – М.М.) беш аз 550 байт ба даст наёмадааст» (с.297). Дар ҳоле ки то он вақт беш аз 1100 байти Р. дар дастраси муҳаққиқону хонандагон қарор дошт. Дар мақола қитъаи комили машҳури Рўдакӣ «Ман мўйи хешро на аз он мекунам сиёҳ…» абёте аз маснавии «Калила ва Димна» дониста шудааст.
Ашъори Рўдакӣ низ аз таъсири достонҳои қуръонӣ, оёту ҳадисҳои набавӣ ва баёни андешаҳои динӣ холӣ нест. Ин масоил дар мақолаи Фазлурраҳмон Фақеҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Як силсила мақолаҳои маҷмўа ба масъалаҳои сабкшиносии осори Рўдакӣ ихтисос дода шудаанд, ки «Вазн дар ашъори Рўдакӣ»-и Ғулом Яҳёи Фарҳанг, «Сувари хаёл дар ашъори Рўдакӣ»-и Абдулқайюми Қавим, «Гузораи сохтгароёна аз як қасидаи Рўдакӣ»-и Муҳаммад Довуди Мунир, «Рўдакӣ тасвирпардози чирадаст»-и Солеҳи Ҳабибӣ аз он зумраанд. Дар мақолаҳои мазкур сабки осори шоир бо истифода аз равишҳои маъмулӣ ва тозаи сохторгароӣ баррасӣ шудаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ