Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мақолаи Туғёни Сакоӣ «Рўдакӣ ва Фирдавсӣ»
муштаракот ва ҳаммонандиҳои шахсият ва осору андешаҳои ин ду шоири бузург ва таъсирпазирии Фирдавсӣ аз Рўдакӣ бо далелҳо нишон дода шудаанд. Вале, мутаасифона, дар он баъзан баёни андешаву нуктаҳои қотеъ бидуни далели воқеиву мантиқӣ ба назар мерасад. Масалан, муаллифи мақола бидуни далел ба таври қотеъ таъкид мекунад, ки «Рўдакӣ дар соли 329 кушта шуд» (с. 107).
Аҳволу осори Рўдакӣ дар кишвари гуногуни олам мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар мақолаи Шарифуллоҳи Шариф «Ороъ ва назариёти шарқшиносон дар мавриди Рўдакӣ» аз хидматҳои ховаршиносони ғарб Ҳаммер, Ҳерман Эте, Дермстетер, Шарл Шефер, Э. Браун, А. Кримский, О. Вилямс, Рубен Левӣ дар рўдакишиносӣ ёд шудааст. Ҳарчанд муаллифи мақола таъкид мекунад, ки «ба хотири ҷилавгирӣ аз итолаи калом» бо зикри ховаршиносони мазкур қаноат кардааст, бо вуҷуди ин ишора ба рўдакишиносони маъруф Е.Э.Бертелс, Ян Рипка, И.С. Брагинский, А. Тоҳирҷонов, М.Занд ва амсоли онҳо зарур буд.
Дар мақолаи Абдулалии Кўҳӣ «Таъсири мутақобили шеъри форсии дарӣ ва арабӣ дар девони Рўдакӣ» бо далелҳои фаровон ҳаммонандиҳои мазмуну тасвирҳои ашъори Р. бо шоирони араб ва таъсирпазирии ў аз онҳо ба қалам дода шудааст.
Айниддин Насри Валволиҷиён дар мақолааш «Симои Рўдакӣ дар ойинаи сурудҳояш» се давраи зиндагии шоирро дар асоси ишораҳои ў дар ашъораш ба қалам медиҳад ва зимнан ба баҳси нобиноии Рўдакӣ ишора намуда, кўри модарзод набуданашро таъкид месозад.
Мақолаҳои «Бозтоби вожаҳои фаромўшшуда дар шеъри Рўдакӣ», «Бозтоби шуморе аз амсол ва истилоҳоти омиёна дар шеъри Рўдакӣ», «Бархе аз вижагиҳои забонии замони Сомониён дар ашъори Рўдакӣ», «Гоҳномаи вожаҳо дар ашъори Рўдакии Самарқандӣ» ба баррасии баъзе ҷанбаҳои забони осори боқимондаи Рўдакӣ бахшида шуда, мулоҳизаву мушоҳидаҳои зиёди тоза доранд. Вале дар онҳо низ баъзе андешаҳои баҳсангез баён шудаанд. Аз ҷумла дар мақолаи Асадуллоҳ Ҳарисӣ «Бозтоби вожаҳои фаромўшшуда дар шеъри Рўдакӣ» 22 вожае, ки дар ашъори Р. ва муосиронаш истифода гардида, имрўз ба он маъно ба кор намераванд, тавзеҳ дода шудааст. Вале бояд гуфт, ки шояд баъзе аз он вожаҳо дар гўйиши дарии Афғонистон истифода нашаванд, вале дар забони навишторӣ ва шифоҳии тоҷикӣ зинда ва маъмуланд. Масалан, муаллифи мақола иддао дорад, ки вожаи нозиш (нозидан) «ба маънии истиғно ва карашмаи маъшуқ,

пешина
аз 625
навбатӣ