Равзанаи адаб

ишвагарӣ, фахру тафохур ва ба маънии такаббуру бузургманишӣ»
имрўз ба кор меравад. Дар ҳоле ки вожаи мазкур ба ҳамон маъноҳо дар забони адабӣ ва гуфтори тоҷикӣ зинда аст. Вожаи «чанбар» низ ба маънии ҳалқа дар забони тоҷикӣ мустаъмал аст.
Ба хусус калимаи «гулчанбар» истифодаи фаровон дорад.
Дар мақолаи Муҳаммад Сарвари Покфар «Бозтоби шуморе аз амсол ва истилоҳоти омиёна дар шеъри Рўдакӣ» вожаи «истилоҳ» ба назари мо бемавқеъ истифода шудааст. Зеро истилоҳ ҳамчун мафҳуми забоншиносӣ ба қавли Муҳаммад Муин «Луғоте, ки ҷамъе барои худ вазъ кунанд ва ба кор баранд» («Фарҳанги форсӣ», ҷ.1, с. 292). Бинобар ин ба ҷои истилоҳ корбурди таъбир, ибора ё ифода беҳтар буд.
Муҳаммад Ҳусайни Ямин дар мақолаи «Гоҳномаи вожаҳо дар ашъори Рўдакии Самарқандӣ» таъкид мекунад, ки аз калимоти ашъори Рўдакӣ «иддае аз вожаҳо аз истеъмол афтода ва матрук шудаанд» (с.318). Мутаассифона, вақтҳои охир баъзе муҳаққиқони Эрону Афғонистон, ки ба ин масъала таваҷҷўҳ кардаанд, ҳар вожаеро, ки имрўз дар ин кишварҳо истифода намешаванд, матруку маҳҷур мешуморанд, ки Муҳаммад Ҳусайни Ямин низ аз зумраи онҳо буда, масалан, вожаи «алағда»-ро, ки суғдиюласл аст ва Р. истифода кардааст, «аз арсаи корбурд афтода» медонад. Дар ҳоле ки ин вожа дар забони тоҷикӣ, ба хусус шеваи зодгоҳи Р.
водии Зарафшон ба маънии хашмгину нороҳат истифода мешавад.
Ў ҳамчунин дар зимни баёни матлаб ба зодгоҳи шоир чунин ишора мекунад: «Рўдакӣ дар шаҳри Самарқанд… зода шудааст»
(с.318). Дар воқеъ дар манобеъи адабиву таърихӣ Рўдакӣ ҳамчун самарқандӣ маъруф аст, вале ин маънии дар Самарқанд зода шудани ўро надорад. Дар замони гузашта, ба хусус, дар асри Х Самарқанд шаҳри Панҷакент ва навоҳии атрофи онро ҳам фаро мегирифт. Рўдакӣдар яке аз ҳамон рустоҳое, ки тобеи Панҷакент буданд, ба дунё омада, дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Самарқанд рафта, пас аз муддате озими Бухоро шудааст.
Тавре ки маълум аст, дар ибтидои асри ХХ бар асари тақсимоти нодурусти манотиқи Осиёи Миёна шаҳри бостонии Самарқанд, ки асрҳо пойтахти тоҷикон буд, ба қаламрави Узбекистон дода шуд ва имрўз миёни Самарқанду Панҷакент на танҳо робитае вуҷуд надорад, балки садди касногузар бунёд шудааст. Аз ин рў муҳаққиқон бояд ин тағйиротро ба назар гиранд.
Дар маҷмўаи «Ҳеҷ ганҷе нест, аз фарҳанг беҳ» мақолае ба забони пашту ҳам чой дода шудааст, ки ба қалами Пирмуҳаммад Корвон тааллуқ дорад ва барои муаррифии рўзгору афкори шоир ба паштузабонон хеле судманд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор