Равзанаи адаб

Маҷмўаи мазкурро метавон иқдоми тозаи муштараки рўдакишиносони се кишвари форсизабон дар шинохти аҳволу осор ва андешаву афкори Одамушшуаро донист.
Тўҳфаи хуби дўстон, вале нашри пурнуқсон
Дар бораи рўзгор ва осору андешаҳои бунёдгузори адабиёти тоҷику форс устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ муҳаққиқон асарҳои зиёде офаридаанд, ки на танҳо аз лиҳози ҳаҷму андоза гуногунанд, балки инчунин бо равишу сабк ва шеваи мухталиф эҷод шудаанд.
Масалан, осори С.Айнӣ,С. Нафисӣ, А. Мирзоев, А. Тоҳирчонов, Х. Мирзозода, А. Афсаҳзод ва дигарон ба сабки илмиву таҳқиқӣ таълиф шудаанд. Вале навиштаҳои Ш. Ҳусейнзода, И.С.
Брагинский, М. Занд, Ҷаъфари Тузиндаҷонӣ ва амсоли онҳо бештар ҷанбаи публисистӣ доранд. Осори ҳар ду навъ барои шинохти аҳволу осори шоир арзишманданд. Асари адабиётшиноси Афғонистон Абдулғафури Орзўро, ки с.1388 /2010 дар Кобул ва с. 2012 дар Душанбе ба табъ расидааст, метавон ба гурўҳи дувум дохил кард, ҳарчанд он аз муҳокимаву мудоҳизаҳои илмиву таҳқиқӣ холӣ нест вале дар он на танҳо муқаррароти шаклии асари илмӣ риоя нашудааст, балки тарзи баёни он низ озод буда, андешаҳои илмии ўро дар бар мегиранд.
«Шод зӣ …» аз муқаддимаи хеле кўтоҳ ва ду фасл иборат мебошад. Фасли аввал 12 мақолаи муаллифро дар бар мегирад, ки ба баррасии паҳлўҳои гуногуни осору андешаҳои Рўдакӣ бахшида шудаанд.Дар мақолаи «Диранге бар чӣ гуна зистани Рўдакӣ»
муҳимтарин лаҳзаҳои рўзгори шоир ёдоварӣ мешавад.
Абдулғафури Орзу зимнан ба ихтилофи назари муаллифони сарчашмаҳо ва асарҳои таҳқиқотӣ роҷеъ ба кўрии Рўдакӣ, эътиқоди мазҳабии ў ва амсоли онҳо ишора менамояд.
Муаллиф шарҳи матолиби мазкурро дар мақолаҳои «Шоири ҷараёнсоз» ва «Шоири Хуросон» идома дода, ҳамчунин дар бораи шўҳрату мақоми Рўдакӣ дар таърихи адабиёт тоҷику форс сухан меронад.
Дар мақолаи «Таъсиргузории «тирачашму равшанбин» сухан аз таъсири ашъори Рўдакӣ ба шоирони асрҳои баъдина меравад.
Муаллиф ин таъсирро дар осори шоирону орифони маъруф ҷуста, онҳоро ба гурўҳҳои ҳамосасароён, қасидасароён, шоирони исмоилӣ, шоирони ориф, орифони шоир, қитъасароён ва рубоисароён тасниф менамояд ва бо таҳлили чанд намуна аз осори онон ба хулосае меояд, ки «Рўдакӣ бидуни шак чатри таъсиргузоре ба вусъати адабиёти мост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор