Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамаи баландқоматони шеър дар зери ин чатр қарор доранд»(нашри Душанбе, с.31). Вале аз чи сабаб бошад, ки дар ин тасниф гурўҳи аз ҳама бузурги пайравони Рўдакӣ – ғазалсароён зикр наёфтааст. Дар ҳоле ки фақат дар пайравии шеъри машҳури «Бўйи Ҷўйи Мўлиён» беш аз 100 шоир ғазал сурудаанд. Аз ин рў дар тасниф ба ҷои шоирони исмоилӣ, шоирони ориф ва орифони шоир ғазалсароён номгузорӣ кардани гурўҳи мазкури шоирон беҳтар буд. Зеро гурўҳҳои дигар низ аз рўйи анвоъи шеър дастабандӣ шудаанд.
Мақолаи «Таланге бар «Бўйи Ҷўйи Мўлиён» ба баррасии шеъри машҳури Рўдакӣ ва ривояти Низомии Арўзии Самарқандӣ бобати таърихи суруда шудани он ихтисос дода шудааст.
Муаллиф қабл аз ҳама хусусиятҳои асосии шеърро бозгў намуда, сипас ба таҳлили ривояти Низомии Арўзӣ ва тавсифи шаҳри Ҳирот дар аҳди Сомониён мепардозад. Бо он ки муаллиф чашмандози шоирон шудани шеъри мазкурро таъкид мекунад, вале арзиши бадеии онро нодида мегирад ва онро шеъри фармоишӣ дониста менависад: «Ин суруд бозтобе аз фаварони ҳолати ботинӣ ва шоиронаи Рўдакӣ нест, бал ба хости фармондеҳони лашкарӣ ва кишварӣ суруда шудааст» (с.38) Пас аз таҳлили ривояти таърихи сурудани «Бўйи Ҷўйи Мўлиён» ба чунин натиҷа мерасад, ки «ҳунари Рўдакӣ на дар пардохтани шеър ва таснифи некўст, бал ҳунараш моҳасали мавқеъшиносӣ аст»(с. 45).
Яъне ў сабаби таъсири суруди мазкурро ба амири сомонӣ дар он медонад, ки Рўдакӣ ҳангоми сархуш будани амир он шеърро сурудааст ва маҳорати шоир дар ин маврид на дар эҷоди шеър, балки дар мавқеъшиносии ўст.
Ба чанд далел наметавон ба ин назари муаллиф розӣ шуд.
Аввалан ҳарчанд «Бўйи Ҷўйи Мўлиён»-ро ҳам дар сарчашмаҳо ва ҳам дар осори таҳқиқӣ ба таври мухталиф арзёбӣ кардаанд, вале ҳамагон онро яке аз беҳтарин шеърҳои на танҳо Рўдакӣ, балки назми форсизабон донистаанд. Аз ҷумла И.С.Брагинский чанд ҷиҳати шеъри мазкурро таҳлил намуда, онро намунаи барҷастаи сабки саҳли сумтанеъ медонад. Сониян агар ин шеър суст мешуд, мавриди таваҷҷўҳи шоирони қарнҳои гуногун қарор намегирифт ва дар пайравии он беш аз 100 шеър навишта намешуд.
Албатта, омили таъсиргузор будани мавқеъшиносӣ ва маҳорати равоншиносии Рўдакӣ дар эҷоди шеъри «Бўйи Ҷўйи Мўлиён» ҷой дорад, вале мазмуну андеша ва эҳсоси баланди ватандўстӣ, тасвирҳои содаву табиии дилнишин, ташбеҳу тавсифҳои зебову маҳсус, оҳангу нағмаи ҳуруф ва ниҳоят савти мусиқии Ушшоқ аз омилҳои асосии муассир гаштани шеър мебошанд.

пешина
аз 625
навбатӣ