Равзанаи адаб

Бинобар ин шеъри мазкурро аз ашъори дигари боқимондаи Рўдакӣ паст донистани муаллифи мақола аз рўи инсоф нест. Бо вуҷуди он ки дар бораи ин шеър суханони зиёде гуфтаанд, ҳанўз моҳияту арзиши он ба дурустӣ ва комил нишон дода нашудааст. Ба назари мо ин шеърро бояд пеш аз ҳама ҳамчун суруд мавриди баррасӣ қарор дод. Дар он сурат арзишҳои он бештару равшантар ошкор хоҳад шуд.
Дар мақолаҳои «Шод зӣ, бо сиёҳчашмон шод», «Бода пеш ор, ҳар чи бодо бод», «Мустӣ макун, ки нашнавад ў мустӣ» андешаҳои ҳаётдўстиву фалсафии Рўдакӣ роҷеъ ба ҷаҳону ҳастӣ баррасӣ гаштаанд. Аз ҷумла мақолаи «Мустӣ макун, ки нашнавад ў мустӣ»
бо баррасии масъалаи зиндагиву марг дар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ, Бедил, Ҳофиз шуруъ шуда, сипас бозтоби ин мавзўъ дар осори боқимондаи Рўдакӣ матраҳ мегардад. Ба назари мо агар баррасии мавзўъ аз ашъори Рўдакӣ шуруъ мешуд , аз ҳар лиҳоз беҳтар буд.
Дар мақолаи «Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ» муҳимтарин андешаҳои ахлоқии Рўдакӣ амсоли хирадмандиву накукорӣ, панди рўзгор, ҷавонмардӣ, парҳезгориву шодкомӣ, саховатмандиву тараҳҳум ва ғайра мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Дар ин мақола низ таъсири баъзе андешаҳои ахлоқии Рўдакӣ ба шоирони муосир ва баъдина амсоли Дақиқиву Носири Хусрав ва Фирдавсиву Саъдӣ нишон дода шудааст. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки дар ин маврид низ аввал аз таъсири андешаҳои Рўдакӣ сухан рафта, сипас андешаҳои ахлоқии ў баррасӣ шудаанд.
Мақолаи «Наврўз ва Меҳргон» тавсифи ин ду ҷашни бостонии мардумони эронитаборро дар осори бозмондаи Рўдакӣ дар бар мегирад. Мақолаи «Боғи ваҳши Рўдакӣ» хонандаро ба сайри олами он шеърҳои Рўдакӣ мебарад, ки аз тасвири паррандагону хазандагон ва гулу гиёҳҳои гуногун иборатанд.
Муаллиф дуруст таъкид мекунад, ки «дар ин ҳазору анд байт гулҳои рангоранг, дарахтони мутанаввеъ, паррандагон, хазандагону даррандагон чунон фазоилро эҷод кардааст, ки нохоста инсон аз қаламрави интизоъии шеър ба домони табиат қадам мегузораду эҳсоси таровату тозагӣ менамояд»(с.88). Инро ҷадвали номгўи гулҳо, дарахтон, чаҳорпоён, паррандагон, хазандагон ва гиёҳон, ки оварда шудааст, низ ба субут мерасонад.
Мақолаи охирини маҷмуа «Ғалтон-ғалтон ҳамеравад то буни кў» бо нақле аз «Ал-муъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ оғоз ёфта, таърихи ихтироъи навъи шеъри рубоиро бозгў менамояд.
Муаллифи мақола таъкид мекунад, ки Рўдакӣ дарвоқеъ бунёдгузори ин навъи зебову ихчами шеър аст ва муҳимтарин хусусияти рубоиёти ў содагиву фасоҳат аст, аз ин ҷост, ки имрўз ҳам барои ҳамаи хонандагони форсизабон комилан фаҳмову дастрас мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор