Равзанаи адаб

Фасли дувуми китоб «Гузидае аз сурудаҳои Рўдакӣ»
намунаҳои ашъори комили шоирро дар бар мегирад. Дар ин бахш ғазалу қасидаҳо ва рубоиҳои шоир интихоб шудаанд.
Тавре ки зикр шуд, мақолаҳои маҷмуа бештар ҷанбаи маърифативу ташвиқотӣ доранд, бо вуҷуди инмуаллиф дар баъзе мавридҳо баҳси илмӣ намуда, андешаҳои худро баён кардааст. Аз ҷумла ў масъалаи ба исмоилия гаравиш доштани Рўдакиро баррасӣ намуда, ба натиҷае мерасад, ки «ҳоло ба таври қотеъ наметавон аз мазҳаби Рўдакӣ дам зад»(с.15).
Бо назардошти арзиши баланди асари мазкур намояндагии фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон онро ба ҳуруфи кунунии тоҷикӣ баргардон карда ба табъ расондааст. Вале, мутаассифона, баргардони асар хуб анҷом нашудааст ва хатоҳои имлоӣ дар нашри Душанбе хеле зиёд ба назар мерасанд, ки ҳоло бо зикри чанде аз онҳо иктифо мешавад. Дар аксари мавридҳо ғалатҳо боиси таҳрифи маънӣ гаштаанд: «Гўё(?) ин ки ин навъ(?) столижи(?) фақат буди(?) шоирона дорад»(с.71). Дар матни асл чунин аст: «Ва ё ин ки ин нусталжӣ(носталгия) фақат буъди шоирона дорад».
Дар баргардони матн баъзан қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ риоя нашудааст. Масалан, тибқи қоидаи мазкур ҳарфи ъ дар аввали калима навишта намешавад, вале дар саҳ. 63 калимаҳои ъино, ъалайҳо сабт шудаанд. Исми шоири муосири Рўдакӣ Шаҳид дар ҳама ҷо бо ҳарфи хурд навишта шудааст, ки боиси таҳрифи маънӣ гаштааст: «Корвони шаҳид(?) рафт аз пеш»(с.6), «Устоди(?) шаҳид(?) зинда боистӣ(с.70). Чунин ғалатҳо хеле зиёд ба чашм мерасанд: манус(маънус), Арзуқӣ (Азрақӣ), Фарюидӣ (Фарюмадӣ), айҳом(иҳом), мутаассиф(мутаассир), Абузаръа (Абўзироа), ойинае(ононе), тамсияе(тамсиле), татабуъ (татаббўъ), танъим(танаъъум), майю(маю), Рўдакӣро(Рўдакиро), Рўдакӣст(Рўдакист), найю (наю) , маъсун(масун), вай(в-эй), мо ҳасали (моҳасали), муттаъриф(муътариф), зинагӣ(зиндагӣ), ҳаки тақадам(ҳаққи тақаддум), сава(саъва), биёби (биёбӣ), андеша ай(андешае), шоядам(шояд ҳам), ҳайяҷон(ҳаяҷон)…
Ғалатҳои имлоӣ, ба хусус дар пораҳои манзум хеле зиёд буда,боиси харобии мазмун ва вазни онҳо гаштаанд. Дар байти зер «май биёрӣ» дар шакли «мебиёрӣ» сабт шудааст:
То бишканӣ сипоҳи ғамон бар дил, Он беҳ, ки мебиёриву(?) бигсорӣ.
Байти машҳури Ҳофиз дар чунин шакли пурғалат омадааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор