Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биниши(?) бар лаби ҷўйю(?) нишину(?) гузари умр бубин,
К-ин ишорат зи ҷаҳони гузарон моро бас.
(с.65).
Дар ду байти зер 7 хатои имлоӣ ба назар мерасад:
Ин ҷаҳони(?) пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш(?) бедор аст.
Некии у(?) ба ҷойгоҳ(?) ба(?) даст(?),
Шодии у(?) ба ҷойи тимор аст.
(с. 58).
Агар кормандони сафорати Афғонистон ҳангоми ба нашр омода кардани китоб бо мутахассисони Тоҷикистон ҳамкорӣ менамуданд, китоб бе чунин хатоҳо чоп мешуд.

“БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД”

Ёду эҳтироми устодон ва гузаштагони накўному накўкор аз суннатҳои ҳамидаест, ки ба хусус дар миёни аҳли илму адабу фарҳанг хеле марсум аст. Маҳфилу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабие, ки дар бузургдошти донишмандону адибон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегарданд, далели сипосу қадрдонӣ ба заҳмату хадамоти онҳост.
Яке аз донишмандони маъруфе, ки дар он ҳамоишҳо пайваста ширкат ва суханронӣ менамояд, олим ва марди барҷастаи сиёсиву фарҳангии муосири Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил мебошад. Ў ҳарчанд дар мақомоту симатҳои гуногун адои вазифа кардааст, вале ҳеч гоҳ аз ҷодаи илм берун нарафта, ҳамеша бо аҳли илму адаб аст ва чун шамъ анҷумани ононро фурўзон менамояд.
Дар маҳфилу ҳамоишҳои бузургдошти адибону донишмандон ў на танҳо бо суханони табрикӣ, балки бо мақолаҳои пурмўҳтавои илмӣ низ ширкат варзида, аз кашфиёти дастовардҳои илмии худ гузориш медиҳад.
Китоби тозанашри “Бо эҳтиром” 31 мақолаи Ҳаддоди Одилро, ки ҳар кадом ба яке аз устодону родмардони илму фарҳанги Эрон тақдим шудааст, дар бар мегирад. Пеш аз ҳар мақола шарҳи ҳоли мухтасари устоде, ки мақола ба ў эҳдо шудааст, дарҷ гардидааст. Дар се шеъри Ҳаддоди Одил, ки дар китоб ҷой дода шудааст, эҳтироми фаровони ў ба роҳбари Инқилоби исломии Эрон Имом Хумайнӣ ва устодонаш Муртазо Мутаҳҳариву Яҳёи Маҳдавӣ ба қалам омадааст. Дар муқаддимаи китоб ҳам қабл аз ҳама меҳру садоқат ва сипоси муаллиф ба устодонаш самимона баён шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ