Равзанаи адаб

Муаллиф мақолаҳои маҷмуаро аз лиҳози мўҳтаво ба панҷ мавзўъ дастабандӣ карда, фарҳангро мавзўи воҳид ва пайвандгари онҳо донистааст, ки комилан дуруст аст, зеро дар зимни мақолаҳо масоили мухталиф матраҳ шудаанд, ки ба ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги Шарқу Ғарб марбутанд.
Бахши аввали маҷмўа ба мавзўи забон ва адабиёт тахсис дода шудааст. Забони форсии дарӣ, ки таърихи бостонӣ дорад, аз рукнҳои асосии фарҳанги мардумони эронитабор буда, омили муҳими мондагории он маҳсуб мешавад. Аз ин ҷост, ки маҷмўа бо мақолаи “Чаро забони форсиро дўст дорам?”, ки саршори самимияту муҳаббат ба ин забон аст, оғоз ёфта, густариши васеи забони форсӣ дар сарзамини паҳновар ва омили ваҳдатсозу нишонаи ҳувияти миллии мардумони эронӣ будан онро бармало месозад.
Устод Ҳаддоди Одил имрўз ба ҳайси сарвари Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар арсаи хеле муҳими истилоҳсозиву вожагузинӣ, ворид кардани мафҳумҳои тоза, тарҷумаи истилоҳоту таъбирҳои хориҷӣ ва ба таври куллӣ рушди забони илмӣ ва поку беолоиш сохтани забони форсӣ хидмати шоиста ба ҷо меорад. Ин фазилати ў дар мақолаҳои ба масоили забон тахсис додаи маҷмўа падидор аст. Дар мақолаи “Ҳунари ҳусни интихоби вожаҳо,” ки ба Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ бахшида шудааст, муаллиф бо далелҳои фаровон тобишҳои гуногуни маъноӣ доштани вожаҳоро нишон дода, бамаврид ва бамавқеъ истифода намудани онҳоро таъкид месозад. Дарвоқеъ чунонки мегўянд, ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад. Муаллиф дар мисоли вожаҳои “оғушта,” “ороста,” “олуда” ба субут мерасонад, ки онҳо ҳарчанд муродифу ҳаммаъноянд, вале ҳар кадом бори ҷудогонаи маъноӣ ба дўш дошта, дар аксар маворид наметавонанд ҷойнишини ҳамдигар бошанд. Аз ин рў бояд нависандагон, ба хусус мутарҷимон дар истифодаи вожаҳо ва зарбулмасалу мақолҳо диққати бештар зоҳир намоянд. Дар поёни мақола зарурати тадвини фарҳанги ҷомеи луғоти мутародиф таъкид мегардад.
Мақолаи “Носириддиншоҳи вожагузин,”ки ба донишманди маъруф Маҳмуди Ҳисобӣ эҳдо шудааст, руҷуъеро ба таърихи вожагузинӣ дар Эрон дар бар мегирад. Тавре ки дар мақола омадааст, Носириддиншоҳ дар тўли панҷоҳ соли салтанати худ се бор ба кишварҳои Аврупо сафар карда, ёддоштҳои сафарашро дар се “рўзнома” ба қалам додааст. Ин сафарномаҳои Носириддиншоҳ на танҳо манбаи хубе барои шинохти вазъи сиёсиву иҷтимоии Эрон дар қарни Х1Х мелодӣ мебошанд, балки аз лиҳози фаро гирифтани вожаву истилоҳоти тоза низ қобили таваҷҷўҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор