Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳаддоди Одил он вожаҳоро ба ҳафт гурўҳ ҷудо намуда, мавриди баррасӣ қарор додааст. Қобили тазаккур аст, ки баъзе вожаҳои истифодакардаи Носириддиншоҳ имрўз дар забони форсӣ роиҷ нестанд, вале дар забони кунунии тоҷикӣ мустаъмаланд. Аз ҳамин қабил мебошанд вожаҳои таҷриба(озмоиш), гармхона(гулхона), боғ(порк), беморхона(бемористон), ойина(шиша), корхонаи оҳанобкунӣ (корхонаи зуби оҳан), чарб кардан(равғанкорӣ), муаллимхона (донишсаро), намуна(мокет), қайчии нохунгирӣ(нохунгир), парда(тоблу), корхонаи обсофкунӣ(тасфияхонаи об), дандонсоз (дандонпизишк), суфрахона(утоқи пазироӣ)...
Дар мақолаҳои “Забон ва зиндагии иҷтимоии имрўз”, “Вожагоне, ки мефаҳмем, вожагоне, ки ба кор мебарем” масъалаҳои муҳими забоншиносии иҷтимоӣ матраҳ шудаанд.
Муаллиф дар онҳо роҷеъ ба ғановату имкониятҳои забони форсӣ баҳс намуда, таъкид мекунад, ки мутаасифона, аз он имкониятҳо хеле кам истифода мешавад. Мақолаҳои мазкур арзиши зиёди амалӣ дошта, дорои пешниҳодҳои судманд ҷиҳати корбурди забон дар арсаҳои гуногуни ҷомеа мебошанд.
Роҷеъ ба таъсири забон ва адаби форсӣ ба фарҳанги кишварҳои дигари олам асарҳои зиёде офарида шудаанд. Вале ҳанўз ин масъала ба таври комил баррасӣ нашудааст ва нақши фарҳанги мардумони эронӣ дар тамаддуни олам, чунонки ҳаст, таъйин нагардидааст. Ҳаддоди Одил дар мақолаи “Иқтидори фарҳангӣ ва забони форсӣ” бо чанд далели тоза густариши забону адаби форсӣ ва таъсири файзбахши онҳоро дар фарҳанги мардумони Шарқу Ғарб нишон додааст.
Чанд мақолаи бахши аввали маҷмўа ба масоили шеъру шоирон тахсис дода шудааст. Тавре ки маълум аст, аз Арасту шурўъ намуда донишмандони зиёде дар бораи шеър ва чигунагии он изҳори андеша намудаанд, вале то ҳол таърифи комилу дақиқи ин падидаи зеҳниву ботинӣ дода нашудааст. Устод Ҳаддоди Одил дар мақолаи “Шеър чист ?” ки ба донишманду қуръоншиноси маъруф Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ эҳдо шудааст, ба ин масъала аз дидгоҳи фалсафӣ назар намуда, изҳори андеша кардааст. Ў баррасии ин масъалаи душворро пайваста ба ҳунари наққошӣ, ки он ҳам падидаи зеҳниву ботинист, анҷом дода, таърифи тозаи “Шеър наққошии рўҳ аст”- ро пешниҳод намудааст, ки баробари хеле мўҷаз будан фарогири вежагиҳои ин навъи ҳунар мебошад. Дар мақола ба шабоҳат ва тафовути ин ду навъи ҳунар низ ишора шудааст, ки ин барои дарки амиқи масъала мадад мерасонад. Аз ҷумла яке аз тафовутҳои онҳоро дар истифодаи васоили гуногун медонад: “Наққош бо ранг ва нақш дар олами мубассирот(биноӣ) сарукор дорад ва шоир бо маъонии маъқулу мафоҳими зеҳнӣ ва кашишҳову орзуҳо ва хаёлоту аҳволу амёл(майлҳо).” (Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил.

пешина
аз 625
навбатӣ