Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо эҳтиром, Теҳрон, интишороти Ҳермес, 1388, с. 22). Ҳамчунин барои возеҳу равшан шудани масъала дар мақола борҳо ба умумияту тафовути ҳунар ва илм, ба хусус илмҳои табиатшиносӣ ишора шудааст. Дар поёни мақола муаллиф таърифи худро ба сурати “Шеър наққошии мутаҳаррики рўҳ аст” такмил намуда, онро табсира ба моддаи асл номидааст. Бо истифода аз ин амал мо мехостем табсираи дувумро ворид намуда, ба таърифи мазкур вожаи “сухан” ро биафзоем:
“Шеър наққошии мутаҳаррики рўҳ бо сухан аст”. Зеро мояи таҷассуми рўҳ барои шоир маҳз сухан аст, ҳамон тавре ки ранг барои наққош ва гил барои муҷассамасоз аст.
Мақолаи “Меход ману бифрўше” матлаби мақолаи “Шеър чист ?”-ро такмил дода, барои дарки амиқтари таърифи шеър мадад мерасонад. Дар ин мақола, ки бо сабки шоирона иншо шудааст, муаллиф саъй намудааст, ки ҷавҳару моҳияти шеърро ба таври мушаххас таъйин созад. Бо таҳлилу таҳқиқи як ҷумлаи кўтоҳи “Меход ману бифрўше”(Мехоҳад маро бифурўшад), ки ронандае барои фурўши мошин пушти шишаи ақиби он насб кардааст, пайваста бо ашъори Ҳофизу Иқбол ва шоирони сабки ҳиндӣ бори дигар ба субут расондааст, ки моҳияти шеър на дар вазну қофия, балки қабл аз ҳама дар тахайюлу эҳсосот аст, ки метавонанд ба табиати беҷон ҳам рўҳу ҷон бахшанд. Зимнан дар мақола як мушоҳидаи муаллиф дар бобати сабки ҳиндӣ баён шудааст, ки ки хеле ҷолиб мебошад, зеро ба он муҳаққиқон камтар таваҷҷўҳ зоҳир кардаанд. Ҳаддоди Одил таъкид мекунад, ки он чӣ дар “сабки ҳиндӣ буруз ва зуҳури том дорад, ҳамин инсонӣ дидани ҳама чиз аст, ки маншаи он ҳама ташбеҳ дар шеъри шоирони ин сабк гаштааст ва авҷи онро дар шеъри Бедил метавон ёфт.” (Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил. Бо эҳтиром, с. 87.) Девони Ҳофизи Шерозӣ ҳаҷман он қадар бузург нест, вале дар шарҳу тавзеҳ ва таҳлилу таҳқиқи он садҳо ҷилд осори хурду бузург таълиф шудааст. Дар маҷмўаи “Бо эҳтиром” низ мақолае ба шарҳи яке аз ғазалҳои ирфонии ин шоири лисонулғайб тахсис дода шудааст. Ҳаддоди Одил дар ин мақола мулоҳизаву мушоҳида ва бардоштҳои хешро аз ғазале, ки бо матлаи зер шуруъ мешавад, баён намудааст:

Сари иродати мову остони ҳазрати дўст,
Ки ҳар чӣ бар сари мо меравад, иродати ўст.

пешина
аз 625
навбатӣ