Равзанаи адаб

Қобили тазаккур аст, ки дар шарҳи ғазали мазкур таҳлили мазмуну муҳтавои ҳар байт пайваста бо таҳқиқи зебошинохтӣ сурат гирифтааст. Яъне муаллифи мақола дар радифи маъниву матлаби абёти ғазал ба тарзи баёни онҳо низ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, маҳорати суханварии шоирро нишон додааст.
Масалан, таҳлили байти фавқ чунин оғоз ёфтааст : “Нахустин байти ин ғазал махсусан аз назари овои ҳуруф ва ҳиҷоҳо ва мусиқии калимот бисёр дилнишину гўшнавоз аст. Бештари алфози ин байт мураккаб аз ҳуруфи с ва р ва ҳамза ва алиф ва ҳ ва д ва т аст, ки ҳуруфе нарму хушоҳанг аст ва ҳамин нармӣ ба матлаи ин ғазал латофати хосе бахшидааст. Ду калимаи “сар” ва “иродат” ҳам дар мисраи аввали байт омада ва ҳам дар мисраи дувум ва шоир бо такрори ин калимот аз санъати радуссадр илоалаҷз баҳра бурда ва зебоии байтро афзунтар кардааст.”( Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил. Бо эҳтиром, с. 27-28).
Осори ғаниву рангини Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ба хусус “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Шамс” таваҷҷўҳи муҳаққиқони зиёди Шарқу Ғарбро ҷалб намудааст. Вале “Мактубот"-и ў камтар мавриди баҳсу таҳқиқ қарор гирифтааст.
Аз ин ҷост, ки Ҳаддоди Одил ба ин бахши осори гаронбаҳои Мавлоно таваҷҷўҳ зоҳир намуда, ду мақолаи маҷмўаро ба баррасии арзишҳои адабиву забонии номаҳои ў тахсис додааст.
Дар мақолаҳои “Дастагуле аз гулистони “Мактубот” и Мавлоно” ва “Гулгаште дар “Мактубот” и Мавлоно” бо далелҳои фаровон соддагиву фасоҳати забон ва сабки номаҳои Мавлоно нишон дода шудааст. Аз таҳлилу баррасии муҳаққиқ бармеояд, ки Мавлоно на танҳо дар офаридани осори манзум, балки дар иншои насри форсӣ низ маҳорати баланд ба харҷ додааст, ки номаҳои ў гувоҳи он аст.
Аз ин рў Ҳаддоди Одил пешниҳоди дуруст менамояд, ки “насри форсии Мавлоно дар канори насри форсии дигар устодони қадим чун он алгуи шоиста ба ҷавонони муштоқ омўхта шавад ва шеваи нигориши ў роҳнамои раҳравони ин роҳ гардад.” (Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил. Бо эҳтиром, с. 164).
Бахши дувуми маҷмўа ба мавзўи “Таълиму тарбият", ки аз муҳимтарин масоили иҷтимоӣ буда, ба пешрафти ҷомеа асар мебахшад, тахсис дода шудааст. Яке аз ҳадафҳои аслии Инқилоби исломии Эрон ва раҳбару раҳнамои он низ фарҳанг ва таълиму тарбият будааст, ки дар ин бора дар мақолаи “Имом Хумайнӣ ва таълиму тарбият” сухан рафтааст. Муаллиф ба таври мўҷаз андешаҳои Имом Хумайниро дар бораи нақши фарҳанг ва таълиму тарбият дар ҷомеа, ба хусус дар парвариши насли ҷавон мавриди баррасӣ қарор дода, рукни ососии таълиму тарбият будани хонавода ва муаллимро таъкид намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор