Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мақолаҳои дигари ин бахш роҷеъ ба нақшу мақоми “Дабиристони Алавӣ” ва муассисони он Алиасғари Карбосчиёну Ризо Рўзбеҳ, мутафаккири бузург устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, донишманди маъруф Яҳё Маҳдавӣ дар рушду пешрафти илму маориф ва фарҳанги кунунии Эрон иттилооту мулоҳизоти тоза баён шудааст.
Бахши дувуми маҷмўа бо “Чанд хотира аз устод” ва марсияи “Даргузашти Маҳдавӣ” ба поён мерасад, ки ба файласуфу мутарҷими маъруф Яҳёи Маҳдавӣ бахшида шудаанд. Дар хотираҳои худ Ҳаддоди Одил чанд лаҳзаи ҷолиби мулоқоту боздидҳояшро бо устоди роҳнамояш дар соҳаи фалсафа ба қалам додааст, ки он на танҳо барои шинохти беҳтари шахсияти ин донишманд мадад мерасонад, балки хонандаро бо баъзе марҳилаҳои муҳими таърихи илму фарҳанги муосири Эрон ва шахсияти худи муаллиф ошно месозад.
Мақолаи “Мухтасаре дар боби аҳамияти таърих”, ки бахши сеюми маҷмўа “Таърих ва таърихи илм” бо он оғоз меёбад, андешаҳои муаллифро роҷеъ ба аҳамияти таърих ва арзиши осори таърихӣ барои ҳар фард ва кулли ҷомеа дар бар мегирад. Ҳаддоди Одил дуруст таъкид мекунад, ки ҳар фард ё ҷомеа, ки ҳофизаи таърихӣ надошта бошад, ҳувият ҳам нахоҳад дошт. Ў бо дилсўзӣ таъкид менамояд, ки ҳисси таърихиву таърихнигарӣ ва худогоҳии мардумони эронӣ суст аст. Бо ин ў таваҷҷўҳи бештарро ба осори таърихиву фарҳангӣ ва ҳифзу нигаҳдории онҳо тақозо менамояд. Зеро “миллате, ки гузашта надошта бошад, оянда надорад ва миллате, ки дарси таърихро надорад ва миллате, ки дарси таърихро наёмўзад, ночор ба такрори он хоҳад шуд”.( Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил. Бо эҳтиром, с.
259 ). Ин таъкидҳои дилсўзонаи Ҳаддоди Одил ба мардуми тоҷик низ дахл дорад, зеро на ҳамаи мардуми мо ба қадри осори таърихӣ мерасанд ва натиҷаи ҳамин беэътиноист, ки ҳар сол ёдгориҳои зиёди таърихӣ нобуд мешаванд.
Мақолаи “Фоидаи таърихи илм чист ?” ба донишманди маъруф Маҳдии Муҳаққиқ эҳдо шудааст, ки беваҷҳ нест. Зеро ў аз зумраи он донишмандонест, ки дар таҳқиқи таърихи илм фаъолияти пурсамар доранд. Ў дар баррасии таърихи фалсафаву тасаввуф, тиббу нуҷум ва дигар улуми табиатшиносии Шарқ корҳои шоиста анҷом дода, осори фаровони таҳқиқотӣ офарида, мероси гаронбаҳои илму фарҳангро бо муқаддимаву тавзеҳоти судманд ба табъ расондааст. Ҳаддоди Одил дар мақолаи мазкур на танҳо зарурати таҳқиқи таърихи илмро таъкид менамояд, балки то чӣ андоза муҳим будани суннатҳои таърихи илмро барои ҷомеаи имрўз нишон медиҳад.

пешина
аз 625
навбатӣ