Равзанаи адаб

Мулоҳизаҳои муаллиф роҷеъ ба арзиши таърихи илм дар тарбияи ҷавонон ва ба хусус барои боло бурдани ҳисси ифтихору худогоҳии миллӣ низ хеле ҷолиб аст. Натиҷаҳои бардоштаи ў барои ҷавоноон ибратбахш аст : “Огоҳӣ аз таърихи илм, махсусан, барои миллатҳое, ки гузаштае дурахшон доштаанд ва имрўза ба илали мухталифи таърихиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ аз шўру нишот ва дурахшандагии пешин бозмондаанд, амре зарурист.”( Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил. Бо эҳтиром, с. 268).
Дар мақолаи “Ошноии эрониён бо улуми ҷадид" қабл аз ҳама дар бораи нақши нахустин мадрасаи олии кишвар “Дорулфунун” сухан ронда, онро “дарвозаи вуруди улуми ҷадид ба Эрон” медонад. Муаллиф зимнан масъалаи муносибати илм ва фалсафаро ба миён гузошта, нуктаеро таъкид менамояд, ки илму фалсафаи ҳар халқ бо ҳам робитаи қавӣ дошта, пайваста рушд меёбанд ва самар медиҳанд.
Масъалаи бархўрди илм ва дин асрҳост, ки вуҷуд дорад. Ҳаддоди Одил дар мақолаи “Илм ва дин” ба ин масъалаи хеле мураккаб равшанӣ андохта, ба натиҷае мерасад, ки бояд миёни онҳо созиш эҷод шавад.
Дар мақолаи “Ҷойгоҳи Абулқосими Қурбонӣ дар таърихнигории илм дар Эрон” хидматҳои арзишманди ин донишманди маъруф дар таҳқиқи таърихи илм, ба хусус илми риёзии исломиву эронӣ ба қалам дода шудааст. Қурбонӣ дар осори фаровони худ дар радифи тафсиру ташреҳи назари доншмандони гузаштаи эронӣ саҳми онҳоро дар пешрафти илми ҷаҳонӣ нишон додааст. Аз ҷумла ў ба субут расондааст, ки риёзидони эронӣ Камолиддини Форсӣ як қазияи риёзиро 320 сол қабл аз риёзидону файласуфи фаронсавӣ Декарт баён кардааст.
“Сиёсат ва мабоҳиси иҷтимоӣ” бахши чаҳоруми маҷмўа мебошад, ки бо мақолаи “Имом Хумайнӣ на мисли дигарон” шурўъ мешавад. Дар ин мақола симои роҳбари Инқилоби исломии Эрон ба таври мушаххас ва барҷаста нишон дода шудааст. Муаллиф саъй кардааст, ки фазилатҳои хоси Хумайниро, ки ўро аз ҳамаи сарварони инқилобҳои дигар фарқ менамояд, ба қалам медиҳад. Аз ҷумла ў ба истиқлоли андешаву фалсафа, рафтору амал, ҷаҳонбинии хос, имону боварии амиқ ба ислом ва иртиботи қавиаш бо мардум, ба хусус ҷавонон ва амсоли инҳо ишора намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор