Равзанаи адаб

Мақолаи “Коре, ки Фалсафӣ кард…” дар бораи корнамоиҳои воизу хатиби маъруфи эронӣ Муҳаммадтақии Фалсафӣ, ки аз пайравону ҳаммаслакони Имом Хумайнӣ буда, дар пирўзии Инқилоби исломии Эрон саҳми калон гузоштааст, ҳикоят мекунад.
Бахши панҷуми маҷмўа баррасии масъалаҳои гуногуни фалсафаро дар бар мегирад. Дар баъзе мақолаҳо роҷеъ ба андешаҳои фалсафии донишмандони аврупоӣ амсоли Лейбнитс ва Кант сухан рафтааст. Мақолаҳои дигари ин бахш ба масъалаҳои умумиву назарии фалсафӣ чун озодӣ, майлу нафрат, ақли маҳз тахсис дода шудааст. Дар мақолаҳои “Нақши аллома Таботабоӣ дар эҳёи фалсафаи исломӣ”, “Мутаҳҳарӣ ва фалсафаи татбиқӣ” саҳми ду донишманди маъруфи қарни ХХ Эрон дар пешрафти фалсафаи исломӣ ба қалам дода шудааст.
Сабки баёни мақолаҳои маҷмўаи “Бо эҳтиром” низ хеле ҷолиб буда, асосан илмиву мантиқӣ аст ва матлабро равшан баён менамояд. Муаллиф саъй намудааст, ки ҳатто масоили мураккабу печидаи илмиро ҳам ба тарзи содда баён созад, то хонанда дар фаҳми он душворӣ накашад. Дарвоқеъ ба таври содда баён кардани андешаҳои амиқи илмӣ хеле душвор аст. Барои ҳалли ин масъала муаллиф баъзан ба санъатҳои бадеӣ рўй меорад.
Масалан, дар ҷумлаи зер барои равшан нпмудани масъалаи муносибати забон бо андешаву воқеият аз ташбеҳ суд мегирад:
“Забон ба қатор ё автобус мемонад, ки фақат дар истгоҳҳои муайян ва маҳдуде барои пиёдаву савор кардани мусофир таваққуф мекунад, на ҳар ҷо, ки мусофир моил бошад…”( Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил. Бо эҳтиром, с. 109). Ё худ зимни баёни мулоҳизоти мушкили улуми поя аз сабки шоирона истифода мекунад, ки ин аз як тараф барои дарки матлаб мадад расонад, аз сўи дигар хастагии мутолааро рафъ менамояд. Дар мақолаи “Нуҷум дар фалсафаи Арасту” омадааст : “Фалсафаи Арасту аз ин ҷо авҷ мегирад, ҳамчун мурғи баландпарвозе оҳиста-оҳиста аз замин бармехезад ва пой аз банди қуюду тағйироти заминӣ бармегирад ва оғози таҷарруд мекунад. Ин мурғи дурпарвоз он қадар боло меравад, ки дигар онро ба чашми сару ба ҳис наметавон дид ва вуҷуди онро дар осмон танҳо мебояд бо тааммули ақлонӣ дарёфт.”( Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил. Бо эҳтиром, с. 332).
Тавре ки мебинем, мақолаҳои маҷмўаи “Бо эҳтиром” масъалаҳои гуногуни улуми иҷтимоиву табиатшиносиро фаро мегиранд. Дарвоқеъ таърихи илм гувоҳ аст, ки баъзе донишмандон метавонанд дар чанд соҳаи илм фаъолияти пурсамар дошта бошанд. Аз ҷумла донишмандони маъруфи Юнони қадим Арастуву Афлотун, Буқроту Суқрот, дандонсоздандонсозШарқ Ибни Синову Форобӣ, Беруниву Хоразмӣ, Хайёму Насириддини Тўсӣ ва амсоли онҳо на танҳо ҳамаи илмҳои замони худро фаро гирифтаанд, балки дар илмҳои гуногун кашфиёту ихтироот кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор