Равзанаи адаб

Ҳарчанд дар қарнҳои баъд ҳар илм ба шохаҳои зиёд ҷудо шуда, он шохаҳо ба илмҳои ҷудогона табдил ёфтаанд, вале суннати мазкур ҳанўз идома дорад. Имрўз ҳам донишмандоне ҳастанд, ки дар арсаи илмҳои гуногун таҳқиқ анҷом дода, натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд. Аз зумраи ҳамин тоифаи донишмандон аст устод Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, ки илова бар донишманди варзидаи риштаҳои физикаву риёзиёт, фалсафаву таърих, забону адабиёт будан чун сиёсатмадору сарвари тавоно ҳам шинохта шудааст. Маҷмўаи мақолоти “Бо эҳтиром” гувоҳи равшани он аст.
Назаре ба девони тозанашри Камоли Хуҷандӣ
Шайх Камолиддин Муҳаммад Абуаҳмади Хуҷандӣ суханвари мумтоз ва хушилҳонест, ки ҳанўз замони зиндагӣ шўҳрати босазое ёфта, девони ашъори латифи ў дар тўли қарнҳо аз китобҳои хонданӣ ва писандидаи мардуми форсизабон будааст. Нусхаҳои фаровони девони шоир, ки дар китобхонаҳои олам маҳфузанд ва дар чопхонаҳои гуногун ба зевари табъ ороста шудаанд, далели гўёи ин шўҳрату дилбастагист.
Ҷои басо хушҳолист, ки интишороти «Суруш»-и Эрон нашри тозаи девони шоирро ба амал овард, ки он натиҷаи саъю кўшиши донишманди эронӣ Эраҷи Гулисурхист.
Китоб аз ду ҷилд иборат буда, бо пешгуфторҳои хеле самимии мудири омили интишороти «Суруш» донишманди фозил Алиасғари Шеърдўст ва Эраҷи Гулисурхӣ шурўъ мешавад. Муқаддимаи муфассали Эраҷи Гулисурхӣ шарҳи масоили гуногуни аҳволу осор ва андешаҳои Камоли Хуҷандӣ ва тавсифи нусхаҳои хаттӣ ва чопии девони шоирро фаро мегирад.
Тавре ки маълум аст, матни илмиву интиқодии девони Камоли Хуҷандӣ то ин дам се маротиба чоп шуда буд: бо эҳтимоми Азизи Давлатободӣ дар Табрез (соли 1337 ҳ. (1958) К. Шедфар дар Маскав (соли 1975), Ш. Ҳусейнзода ва С. Асадуллоев дар Душанбе (соли 1987).
1 Дар тақризҳое, ки роҷеъ ба нашрҳои мазкур чоп шудаанд, зимни баёни ҳусну қубҳи он нашрҳо ба номукаммал будани онҳо ишора рафтааст.
Бинобар ин муштоқону муҳаққиқони осори Камоли Хуҷандӣ дар орзуи нашри ҳар чи мукаммалтари девони шоир буданд, ки хушбахтона Эраҷи Гулисурхӣ он орзуҳои деринаро ҷомаи амал пўшонд.
Дар таҳияи матни девон ду нусхаи қадимиву мўътабар, ки то ин вақт аз назарҳо дур будаанд, истифода шудааст: яке нусхаи шумораи 266, ки дар ганҷинаи кутуби хаттии китобхонаи Донишгоҳи шаҳид Мутаҳаррии Теҳрон (китобат дар соли 821 ҳ.) ва дигаре нусхаи шумораи 264 ганҷинаи дастнависҳои Мадрасаи олии шаҳид Мутаҳаррии Теҳрон) (китобат дар замони шоир) нигаҳдорӣ мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор