Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Матни бахши дуввуми девон бар асоси ин ду нусхаи қадимӣ мураттаб гардида, аз 817 ғазал, 71 қитъа, 11 рубоӣ ва 14 муаммо иборат аст ва дар поварақии ҳар саҳифа тафовутҳои матнии нусхаҳои хаттӣ ва чопии девон оварда шудаанд. Дар бахши саввуми девон 172 ғазал ва ашъори дигаре, ки дар соири нусхаҳои хаттиву чопӣ мавҷуданд, вале дар нусхаҳои қадимии мазкур нестанд, ҷой дода шудаанд. Ба ин тартиб девони мазкур аз лиҳози фаро гирифтани осори шоир аз ҳама мукаммалтар мебошад.
Қабл аз он, ки дар бораи чигунагии таҳияи матн таваққуф кунем, лозим медонем дар бобати муқаддимаи муфассали Эраҷи Гулисурхӣ чанд мулоҳизаро баён намоем. Эраҷи Гулисурхӣ дар муқаддима саъй кардааст, ки дар баробари шарҳи ҳолу осори Камол муҳимтарин масоили иҷтимоиву фарҳангии замони ўро низ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Яке аз чунин масъалаҳо рушди тасаввуф дар аҳди шоир мебошад.
Ховаршиносони маъруф Э. Браун ва Ян Рипка сабаби рушди тасаввуфро дар он даврон ҳамлаи муғул донистаанд. Гулисурхӣ дуруст менависад, ки «ҷангу хунрезӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад василаи эҷоди фарҳангу тарвиҷи
2 ҳунар шуда бошад».
Дар воқеъ ривоҷи тасаввуф дар Эронзамин қабл аз ҳуҷуми муғулҳо ҷой дошт ва ин дар қарнҳои баъд низ идома ёфтааст. Ин гуна мубоҳисаву мулоҳизаҳои ҷолиб, ки дар баъзе мавридҳо ба назар мерасанд, арзиши илмии муқаддимаро афзудаанд. Вале, мутаассифона, чунин ҳолат дар шарҳи ҳоли Камоли Хуҷандӣ, ки дар муқаддима ба як назму тартиби муайян баён нашудааст, камтар мушоҳида мегардад. Аз ҷумла дар хусуси исму куния ва ҳамсару фарзанд доштану надоштани шоир дар зимни тавсифи нусхаи хаттии мутааллиқ ба Раҳим Ҷалил ба ин тариқ изҳори назар шудааст: «Дар ҳеҷ як аз тазкираҳо ва кутубе, ки дар дастрас буд, «Абуаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ» барои Камоли Хуҷандӣ ба кор бурда нашудааст, баъзе «Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ» навиштаанд ва нусхае, ки наздик ба даврони шоир буда, ба «Мавлоно Шайх Камоли Хуҷандӣ» басанда кардаанд ва ин ишколест, ки бояд устод С. Асадуллоев худ бикушоянд, вагарна метавонад боиси шакки бисёр шавад ва ин андешаро пеш оварад, ки шояд номи шайхи Хуҷанд «Муҳаммад» буда ва «Абуаҳмад» низ дорои ишкол аст, ба хусус ки ба гуфтаи худи Шайх ў
3 ҳамсаре нагузида ва фарзанде низ надошта аст.»
Дар воқеъ дар аксари нусхаҳои хаттии девони Камоли Хуҷандӣ ва тазкираҳо номи пурраи шоир оварда нашудааст ва котибону тазкиранигорон бо зикри «Шайх Камоли Хуҷандӣ» ё «Хоҷа Камоли Хуҷандӣ» иктифо кардаанд. Вале дар баъзе нусхаҳои қадимии девони Камол номи пурраи шоир Камолиддин Абуаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ сабт шудааст. Инро илова бар нусхаи мутааллиқ ба Раҳим Ҷалил дар нусхаҳои дигари девони шоир, аз ҷумла дар нусхае, ки таҳти шумораи 1635 дар Китобхонаи миллии Париж маҳфуз аст, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин нусха котиб исми шоирро «Камолиддин Муҳаммад Ал-Хуҷандӣ» навиштааст.

пешина
аз 625
навбатӣ