Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ховаршиноси рус В.В. Григорев дар тадқиқоте, ки беш аз сад сол қабл аз ин анҷом додааст, исми шоирро
5 «Шайх Камолиддин Абуаҳмади Хуҷандӣ» зикр кардааст, ки албатта бе далел набояд бошад.
Дар мавриди зану фарзанд надоштани Камоли Хуҷандӣ дар ҷои дигари муқаддима низ ишора шудааст, ки шояд далели ягонаи Эраҷи Гулисурхӣ ҳамин бошад: «Чунон ки худи ў (яъне Камоли Хуҷандӣ) мефармояд, ҳамсаре надоштааст, бинобар ин имкон дорад занон дар хонақоҳи ў роҳ надоштаанд. Камол мегўяд:

Гила кардӣ, ки зи ранҷур накардӣ пурсиш, Ту бипурс аз мани бедил, ки рўзону шабон Мунисе нест маро дар бару машҳур аст ин,
6 Дилбаре ҳаст туро дар бару маъруф аст он».

Аввалан дар байтҳои фавқ ишораи сареҳ ба зан надоштани шоир нест ва таъйид шудааст, ки дар ин чанд шабу рўз шоир (шояд дар хонақоҳ) бе маҳбубу мўнис аст. Чунон ки аз шарҳи ҳоли шоир маълум аст, чунин лаҳзаҳои ҷудоиву ғарибӣ борҳо ба ў мусодиф гаштааст.
Сониян, далели қотеъи зану фарзанд доштани Камоли Хуҷандӣ яке аз ворисони машҳури ў донишманду адиби маъруф Ризоқулихони Ҳидоят мебошад, ки худи ў дар тазкираи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» дар ин бора навиштааст: «Волидамро масқатурраъс Чордаҳ Калота аз мулки Ҳазор Ҷариб буда, ки Симнону Домғон аз билоди машҳураи он ҳудуд аст ва чун насаби обову аҷдоди ў ба Шайх Камоли Хуҷандӣ мепайваста, дар асомии он тоифа Камолӣ илҳоқ мешуда, чунон ки ҷадди фақирро
7 Исмоил Камол меномидаанд».
Зимнан бояд тазаккур дод, ки роҷеъ ба баъзе нукоти рўзгори Камол дар Тоҷикистон ва Русия мақолаву рисолаҳо чоп шудаанд, ки
8 мутаассифона, дар ихтиёри Эраҷи Гулисурхӣ қарор нагирифтаанд.
Дар муқаддима таҳти унвони «Шарҳи ҳоли Камол ва осори ў он тавр, ки устодони гузашта ва ҳол навиштаанд» барои ошноӣ бо рўзгори шоир маълумоти муаллифони манбаъҳои адабиву таърихӣ ва муҳаққиқон амсоли Абдураҳмони Ҷомӣ, Хондамир, Э. Браун, Забеҳулло, Сафо, Ян Рипка, И.С.Брагинский, Садриддин Айнӣ ва дигарон нақл шудааст. Вале, мутассифона, он маълумотҳо, ки дорои ишораҳои зидду нақиз мебошанд, мавриди санҷиши қиёсӣ ва арзёбӣ қарор нагирифтааст.
Зимнан бояд тазаккур дод, ки аввалин маълумотро роҷеъ ба Камол (ба истиснои муқаддимаи Алии Домғонӣ) Шайх Озарӣ дар «Ҷавоҳир-уласрор» додааст, ки дар муқаддимаи мазкур ёде аз он нашудааст. Як нусхаи нафиси ин асар дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ маҳфуз аст.
Масъалаи дигари марбут ба рўзгори Камол, ки ба он ҳам дар зимни тавсифи нусхаҳои хаттии девони шоир ишора шудааст, санаи даргузашти ўст. Эраҷи Гулисурхӣ аз рўи муқаддимаи нотамоми Алии Домғонӣ то соли 821 ҳиҷрӣ дар қайди ҳаёт будани шоирро таъйид кардааст. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки аз муқаддимаи мазкур, ки акси он оварда шудааст, ишораи сареҳе ба зинда будани шоир то санаи ёдшуда ба назар намерасад.

пешина
аз 625
навбатӣ