Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сониян, чунон ки хоҳем дид, санаи вафоти шоир ба таври дақиқ маълум буда, ҷои шубҳае нест. Вале Эраҷи Гулисурхӣ далели дигаре дар ин маврид пеш овардааст, ки «ғазали зебо, ки 910 тазкиранависононро нишонаи зистани шайх беш аз сад сол медонанд»
мебошад ва матлаб байти зайл аст:

Чу дидам қиблаи рўи ту садсола намози худ
11 Ба меҳроби ду абрўят қазо кардам, қазо кардам.

Дар байти мазкур «садсола намоз» маънии сад сол намоз гузориданро надорад, балки ба маънии умри дароз аст. Адади сад дар забони форсӣ, ҳамон тавре ки дар фарҳангҳо ҳам ишора шудааст,
12 мафҳуми зиёд, фаровонро низ дорад. Дар ашъори худи Камол ҳам калимаи сад ба маънии зиёд, фаровон, дароз ба кор рафтааст, ки ба тариқи намуна чанд байтро меорем:

Гар як дами васли ту харидем ба сад ҷон, Он ҳам сари як мўй надонем баҳо буд.


Баъди садсола ҷафо бо мани аз ёр ҷудо Гар кунад умр вафо, бўи вафои ту расад.


Гар биҷўянд ба сад қарн наёбанд, Камол, Булбуле чун ту хушилҳон ба чаманҳои Хуҷанд.


Ман ба сад манзил зи Хоразмам ҷудо в-аз оби чашм
13 Ҳамчунон наззораи мардум ба Ҷайҳун мекунам.

Камол дар чанд маврид дар воқеъ ба умри дароз ишора кардааст, вале ададҳои шасту ҳафтодро нишон додааст, ки ин ҳам умри кўтоҳ нест:

Гуфт: «Камол, оқибат дар сари зулфи мо расӣ,
Ҳам бирасӣ ба шаст чун умр гузашт аз чилам».


Зулфи ту ба қарне нашавад ёфт, ки он шаст,
14
Гар умр расад низ ба ҳафтод наёбанд.

Дар бобати санаи фавти Камоли Хуҷандӣ дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ихтилоф вуҷуд дорад. Вале дар ҳеҷ яке аз онҳо то соли 821 ҳ. (Давлатшоҳи Самарқандӣ, Шерхони Лудӣ, Лутфалибеки Озар санаи даргузашти шоирро 792 ҳ.) 1389 м., Сайид Роқим, Абдуллоҳи Кобулӣ, Ризоқулихони Ҳидоят 793 ҳ. (1390 м., муаллифи «Маҷолис-улушшоқ» 807 ҳ.–(1404 м. рақам задаанд. Аммо Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс», Хондамир дар «Ҳабиб-ус-сияр», Амин Аҳмади Розӣ дар «Ҳафт иқлим» соли вафоти Камолро 803 ҳ.) 1400 м. зикр кардаанд.
Дар сарчашмаҳои дигар чун «Равзат-ул-ҷинон», «Риёз-ул-орифин», «Авлод-ул-атҳор», «Тароиқ-ул-ҳақоиқ», «Сомӣ-юл-асомӣ», «Ништари ишқ» низ санаи 803 ҳ.

пешина
аз 625
навбатӣ