Равзанаи адаб

сабт ёфтааст. Санаи 803 ҳ., ки аксари манбаъҳо нишон додаанд, ба назари мо саҳеҳ аст. Инро чанд далели дигар низ ба субут мерасонанд. Шоир ва хушнависи маъруф Абдураҳими Хилватии Табрезӣ аз ҷумлаи муридони Шайх Камоли Хуҷандӣ буда, чунонки аз қитъаи зер бармеояд, борҳо ба сўҳбати Шайх шарафёб шудааст:
Шунидам ман аз шайхи комил Камол
15 Ду қудсӣ ҳадису гирифтам ба гўш…
Хилватӣ дар қитъаи дигари худ сареҳан дар соли 803 ҳ. аз олам гузаштани Камолро таъкид кардааст:
Орифи ҳақшинос Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигрифт.
То сухан аз даҳон бурун афтад,
Кас сухан мисли он бузург нагуфт.
Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед,
16
Ҳамчу маҳ дар саҳоб ҷайб нуҳуфт.
Санаи 803 ҳ. дар чанд қитъаи таърих ҳам баён шудааст. Аз ҷумла шоири муосири Камол Шарафиддин Ромии Табрезӣ навиштааст:
Куҷо монд дар шеъру иншо камоле?
Камоли суханвар намонда ба дунё.
Чу ҷустам зи Ромӣ син(н)и реҳлаташро,
17
«Камоли Хуҷандӣ бикўчид» гуфто.
Дар қитъаи боло «Камоли Хуҷандӣ бикўчид» моддаи таърих буда, ба ҳисоби абҷад 803 мешавад. Аз моддаҳои таърихи дигар дар ин бобат гуфташуда монанди «Зиҳӣ офтоби бадр Камол», «Манбаъи ҳусни моҳтоби ҷамол» низ 803 истихроҷ мешавад.
Аз чӣ сабаб бошад, ки муаллифи муқаддимаи муфассали девон «таъйини соли таваллуд ва чигунагии зистани Камоли Хуҷандӣ»-ро вазифаи асосии худ намедонад ва ба масоили зиндагии ў камтар таваҷҷўҳ зоҳир намуда, дар ин бобат дар зимни шарҳи масъалаҳои дигар сухан меронад. Ҳол он ки дар муқаддимаи девонҳо бояд қабл аз ҳама масоили рўзгору осори шоирон ҳаталимкон равшан шавад, то роҳ барои хонандагону муҳаққиқон боз гардад.
Ба назари мо, дар муқаддима бо ҳар васила ба маслакҳои нақшбандия ва ҳаллоҷия пайвастани Камоли Хуҷандӣ дуруст нест. Зеро таъйини ҷаҳонбинии шоир баҳси ҷиддии илмиро тақозо мекунад, ки аз доираи муқаддима берун аст. Мо низ тафсиру таҳқиқи ин масъаларо ба муҳаққиқони соҳаҳои фалсафаву тасаввуф вогузор намуда, фақат ҳамин бардошти худро аз мутолиаи девон ба тариқи пиндор гуфтанием, ки эҳтимол Камол ба ҳеҷ маслаки мушаххас нагаравида, ба қавли худаш, риндиро пеш гирифта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор