Равзанаи адаб

Ҳоло бо зикри чанд ишораи сареҳи шоир иктифо менамоем:
Кас бўйи риё нашнид аз хирқаи мо риндон,
Чун дур ба сад фарсанг аз зоҳиди мағрурем.
Халқ гўянд, ки ринд асту назарбоз Камол,
Ҳар чи гўянд ба рўйи ту, ки сад чандонем.
Гар шеваи Камол бипурсад касе зи ту,
Гў: «Сўфиест ринд, вале ошнонамост».
Чун рўз равшан аст, ки мо ринду ошиқем,
Чун субҳ дар парастиши рўйи ту содиқем.
Камол ошиқу ринд аст ҳолиё зи азал,
Зиҳӣ саодат, агар то абад чунин бошам.
Ман тарки зўҳд кардаву риндӣ гузидаам,
18 Хошоки роҳ додаву гавҳар харидаам.
Назари яктарафа ва сатҳиро дар муқаддима дар баррасии мавзўи ишқ низ метавон мушоҳида кард. Эраҷи Гулисурхӣ дуруст менависад, ки «гурўҳе бо такя ба андешаҳои сўфиёнаи он даврон эътиқод доранд дар ашъори Камол ишқ баёнкунандаҳои андешаҳаи орифонаи ўст ва роҳест дар сўфигарӣ ва гурўҳе дигар, ба хусус пажўҳишгарон ва донишмандони ҳафтод соли ахир, ҳама он ишқро ба ғамзаи чашму абрўйе вобаста медонанд ва онҳо, ки хостаанд миёни ин ду бардоштро оштӣ диҳанд, эътиқод доранд сухани Камол аз ин ишқи ба зоҳир ҳадафаш фақат ботин
19 будааст».Вале, мутаассифона, ба ҷои тавзеҳи назари Камол ба ишқ ва кайфияти баёни он худи донишманд ноогоҳона ё огоҳона ба гурўҳи аввал мепайвандад ва таъйид мекунад, ки Камол «чун Ҳофиз дар ғазалиёти худ масоили ошиқонаро ба зовияе бас орифона матраҳ карда ва бо ҳам меомезад… ва шояд ҳамин шеваи шоирона ва орифона аст, ки бартарин
20 зебоии шеъри Камолро дар худ дорад». Ба ин минвол дар ҷойҳои дигари муқаддима таъкид мешавад, ки ишқияҳои Камол фақат ҷанбаи ирфонӣ доранд. Вале мутолиаи девони Камол нишон медиҳад, ки дар ашъори ў дар радифи ишқи ирфонӣ тасвири ишқи заминӣ ва маъшуқаи воқеӣ низ кам нест. Ин ҷо барои намуна ғазалеро нақл мекунем, ки дар он бўйе аз ирфон нест ва маъшуқ турки воқеии Сарой аст:
Турки ман маҳбувад ба туркӣ ой, Хуш бувад як шабе ба пеши ман ой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор