Равзанаи адаб

Дидаӣ маҳ, ки чун равад бар бом,
Ту маҳӣ, ҳам ба боми дида дарой.
Хонаи банда бандахонаи туст,
Хайра мақдам, хуш омадӣ, фармой.
Гиряи ошиқон бубин зи бурун,
Рўзи борон биё, ба хона дарой.
Хона холист, аз миён магрез,
Дар бибанду миёни баста кушой.
Гар вафо мекунӣ ба ҷойи худ аст,
Ваъдаҳои куҳан биёр ба ҷой.
Кард вайрон сарою кохи Камол
22
Тоқи абрўи маҳвашони Сарой.
Ё худ ғазали маъруфи Камол «Во ғарибӣ», ки он ҳам дар муқаддима аз ҳамин дидгоҳ якҷониба баррасӣ шудааст. Муаалифи муқаддима навишта:
«Дил муқими кўйи ҷонон асту тан ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?
ишора дорад ба дурии ҷон аз ҷонон, ё рўҳи равон аз он ҷойгоҳи нахустин, чӣ ба эътиқоди сўфиён ҷон дар ин домгаҳ ғариб афтода ва ҳар лаҳза орзу дорад то бар остонаи арши худовандӣ бўса занад ва он ғурбат… ҳамон зории ҷон аст дар бадан аз дурии ҷонон; …тани мискини ў низ ғурбатафтода ва орзуманди диёри хеш асту ёрони хеш. Он диёр, ба қавли сўфии бузурги дигарамон Мисри Ироқу Шом нест ва он шаҳре, ки орзумандона барояш ашк меборад, шаҳрест, ки ўро ном нест ва дар охирин байт мефармояд:
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғариб.
Ин як бардошт буд бо таваҷҷўҳ ба тасаввуфи Камол, ки ҳеҷ гуна
23 иртиботе бо ғарибиву зорӣ ва дурафтодагӣ аз шаҳру хона надорад».
Маълум аст, ки тан назди орифон арзише надорад ва мурод аз ман ё тан ҳамон рўҳ аст. Гузашта аз ин дар назарияи ваҳдати вуҷуди Камол Худованд, ки ҳақиқати кулл аст ва хориқуттабиат нест, он дар худи инсон, ки ҷузъи табиат аст, дониста мешавад. Ба абёти зер таваҷҷўҳ шавад:
Ёр пеши ду чашми туст, эй ашк,
Ҳоҷати ҳар тараф давидан нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор