Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дўст дар ҷону нест з-ин хабарат,
Ташна мурдиву об дар назарат.


Солҳо шуд, ки дар такупўем,
Ту ба моӣ, аҷаб чӣ меҷўем?


Роҳ паймуд басе дар талаби дўст Камол,
24 Дўст дар хонаву мо гирди ҷаҳон гардидем.

Байтҳои зикршударо ҳоҷат ба шарҳ нест. Аммо матлаи ғазали «Во ғарибӣ» бо мазмуни ирфонии байтҳои боло умумияте надорад ва дорои маънии воқеъии заминист. Ин иддаъоро байти дуввуми ғазали мазкур боз ҳам бештар равшанӣ меандозад:

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб.

Агар ба дунболи андешаи фавқи Эраҷи Гулисурхӣ биравем, дар он диёре, ки онро ном нест, бояд як ёр бошад, ки он ҳам ҳақ таъолост. Аммо ин ҷо дили шоир аз зодгоҳаш дур афтода, орзуманди дидори хешовандону дидори ҷамъи ёрон аст. Дар нашри Гулисурхӣ ба ҷои «гардидем» «мегардем» сабт шудааст, ки хилофи қофияи ғазал аст.
Эраҷи Гулисурхӣ меафзояд, ки «Шайх бо майлу ишқ худ аз Хуҷанд ё аз Чоч ба Маккаву Мадина ва Бағдоду шаҳри Табрез сафар кардааст ва дар он ҷо низ дар ниҳояти неъмату осудагӣ рўзгоре мегузаронида». Ин дуруст аст, аммо бояд гуфт, ки эҳсоси меҳри ватан, зодгоҳ, дўстону хешовандон мафҳуми маънавист ва иртиботе ба моддиёту дороӣ ва зиндагии пурнеъмат надорад. Ба хусус Камол, ки шоири ҳассосу нозукхаёл буд, имкон дорад, ки гоҳо ёди ватани бобоӣ мекард ва дар лаҳазоти нигаронӣ ғаму андўҳи фироқро ҳам ба қалам меовард, ки ғазали «Во ғарибӣ» намунаи барҷастаи онҳост.
Дар муқаддимаи Эраҷи Гулисурхӣ баъзан тазоди фикр низ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла ҳамон тавре ки зикр шуд, Камол пайрави тариқати нақшбандия дониста шуда буд. Вале дар охири муқаддима таъйид мешавад, ки «ў дар тасаввуф низ ба роҳи худ мерафта». Ҳамин гуна ихтилофот дар навишти баъзе исмҳо низ ба назар мерасад. Масалан, номи яке аз мавзеъҳои Табрез, ки боғу хонақоҳи Камол дар он ҷо воқеъ буд, ба таври гуногун сабт шудааст. Дар муқаддима «Ваййилонкўҳ» ва «Ваййилонкўй» навишта шудааст. Ҳатто дар иқтибосе, ки аз «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забеҳулло Сафо нақл шудааст, аввал «Ваййилонкўй» сипас «Ваййилонкўҳ» сабт шудааст. Ҳол он ки Забеҳулло Сафо дар ҳама ҷо «Валиёнкўҳ» навиштааст. Дар матни ашъори девон ҳам «Валиёнкўҳ» сабт ёфтааст. Вале дар охирсухани ҷилди дуввуми девон Эраҷи Гулисурхӣ сафари худро ба Табрез ва зиёрати мақбараи шоир ба қалам дода, зимнан менависад, ки «пири доное, ки ўро роҳнамоӣ мекард, ки «Валиёнкўҳ»-ро нодуруст медонад ва тарзи «Вайлонкўҳ»-ро бидуни далеле саҳеҳ мешуморад.

пешина
аз 625
навбатӣ