Равзанаи адаб

Ҳамин тавр ба хонанда равшан намегардад, ки кадом тарзи навишти исми мазкур дуруст аст.
Муқаддимаи Эраҷи Гулисурхӣ бо фасли «Ҳофиз дар пайи Камол ва ё Камоли Хуҷандӣ дар иктифои Камоли Хуҷандӣ» поён меёбад, ки он хеле муҳим буда, 76 ғазали дар пайравии ҳамдигар сурудаи ин ду ғазалсарои маъруфи оламро фаро мегирад ва барои таҳқиқи минбаъдаи робитаҳои эҷодии ду ғазалсарои бузург арзиши зиёд дорад.
Матни ашъори девони Камоли Хуҷандӣ, ҳамон тавре ки зикр шуд, дар асоси ду нусхаи қадимии девони шоир, ки дар китобхонаҳои Донишгоҳи шаҳид Мутаҳаррӣ ва Мадрасаи олии шаҳид Мутаҳаррии Теҳрон маҳфузанд, мураттаб шудааст. Эраҷи Гулисурхӣ ҳамчунин аз се нашри илмиву интиқодии пешин ва ба хусус аз нашри Маскав ва нусхаҳои дигар истифода карда, тафовутҳои матниро ҳатталимкон сабт намудааст. Аз ин рў матни девони ҳозирро метавон алҳол аз мукаммалтарин мутуни ашъори Камол донист. Бо вуҷуди ин девони мазкур ҳанўз куллияи ашъори боқимондаи шоирро фаро намегирад ва дар нусхаҳои дигари девони шоир ва ҷунгу баёзҳои гуногун ашъори номатбўъи ўро пайдо кадан мумкин аст. Масалан, соли 1988 Азим Давлатободӣ лутфан ба нависандагони ин сатрҳо (Б. Мақсудов) се ғазали номатбўъи Камолро, ки аз як ҷунги қадимӣ пайдо кардааст, ирсол намудааст, ки матлаъи онҳо чунин аст:
Шодӣ наёфт, ҳар ки ғами дилбаре надошт,
Дар сар ҳавои меҳри парипайкаре надошт.
Бе дарди диле роҳ ба дармон натавон ёфт,
То ҷон надиҳӣ, сўҳбати ҷонон натавон ёфт.
Эй пеши шаккарин лаби лаълат набот ҳеҷ,
Дар маърази даҳони ту оби ҳаёт ҳеҷ.
Умед аст, ки ҷустуҷўи нусхаҳои қадимитару мўътамадтари девон ва ашъори номатбўъи Камоли Хуҷандӣ идома пайдо мекунад ва нашрҳои ҳар чӣ мукаммалтару саҳеҳтари девони шоир сурат хоҳанд гирифт. Бо ҳамин ният мо ҳам мулоҳизоти худро дар бобати матни девони Камоли Хуҷандӣ, ки самараи заҳматҳои фаровони донишманди гиромӣ Эраҷи Гулисурхӣ мебошад, баён менамоем.
Бо вуҷуди он ки девон шомили муқаддимаи муфассал аст, дар қисмати матн низ Эраҷи Гулисурхӣ таҳқиқро идома дода, дар поварақи шеърҳо талмеҳу ишораҳои шоирро ба сураҳои Қуръони маҷид, ба ҳодисаву масъалаҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ шарҳ кардааст, ки ин барои боз ҳам амиқтар дарк кардани ашъори шоир мадад мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор