Равзанаи адаб

Бояд зикр кард, ки дар баробари арзишҳову фазилатҳои зиёд, ки ёдоварии ҳамаи онҳо аз гунҷоиши ин мақола берун аст, матни ашъори девон аз нуқсонҳову иштибоҳот низ барӣ нест, ки онҳоро метавон ба чанд гурўҳ ҷудо кард.
Гурўҳи аввал нуқсонҳои марбут ба мазмуну мантиқи байтҳо мебошанд: Дар девони Камол ғазале ҳаст, ки дорои радифи «надорад хат» мебошад, ки дар нашри Маскав ҳам чунин шаклро дорад. Вале агар ба мазмуни байтҳои ғазал таваҷҷўҳ кунем, пай бурдан душвор нест, ки калимаи «хат» ба он иртиботе надорад. Масалан, матлаъи ғазалро бигирем:
Касе, ки дўст надорад, зи ҷон надорад хат,
Ки ҷисм дур зи ҷон, эй ҷаҳон надорад хат25
Мантиқи байти мазкур ва абёти дигари ғазал аз радиф маънии баҳра, судро тақозо мекунад, ки инро вожаи «ҳаз» ифода менамояд ва дар нашрҳои Табрез ва Душанбе ҳамин тавр сабт шудааст.
Мазмуни байти зер дар шакли «бигдозам» навиштани қофияро тақозо менамояд:
Гар шамъ расад дар ту бугдозамаш аз ғайрат,
26 Боре чу ҳамесўзам, бигзор, ки бигзорам.
Дар байти зайл калимаи сўҳбат ба мантиқи он созгор нест:
Хоби хуш сўҳбат барад аз наргиси махмур,
27 Шаб гар шунавӣ нолаи мастонаи моро.
Дар се нашри пешини девон ба ҷои калимаи мазкур «субҳат» зикр шудааст, ки комилан саҳеҳ аст. Вожаи «сўҳбат» дар байти зер низ ноҷо омадааст:
Мо дар ҳарими маҷлиси ушшоқ маҳрумем,
28 Бо дарди ёр сўҳбату бо нола ҳамдамем.
Дар нашрҳои пешин ба ҷои калимаи мазкур «соҳиб» сабт шудааст, ки мантиқӣ ва дуруст аст. Дар байти зайл калимаи хай, ки дар фарҳангҳо ҳамчун мухаффафи «хик», яъне мушк шарҳ ёфтааст, ҳам ба мазмуни байт иртиботе надорад ва ҳам қофияи ғазалро хароб кардааст:
Офтоб аз ҷамоли ту хиҷил аст,
Ки зи рухсори ту чаконад хай.
Дар чопи Маскаав калимаи мазкур дар шакли «х(в)ай» омадааст,
ки маъни арақро дорад ва аз ҳар лиҳоз мувофиқ аст.
Дар мисраъи дуввуми байти зер пешоянди бо маънии матлубро намедиҳад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор